Пайвандҳои дастрасӣ

Cардии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар меҳвари матолиби аксар нашрияҳои чопи Душанбе қарор дорад.

"ОЗОДАГОН"

Дар матлабе равобити Тоҷикистону Узбакистонро печидатар хонда ва навиштааст, "баҳор ҳам ба муносиботи Тоҷикистону Узбакистон гармӣ наовард.
Баръакс, бо аввалин нишонаи зиндашаваии табиат ҳамсоякишвар эълон кард, ки интиқоли газашро қатъ мекунад." Нашрия афзудааст, "сардии муносибот байни Душанбеву Тошканд акнун печидатар шуда, дар сурати пайдо накардани роҳи ҳал он барои амнияти тамоми минтақа мушкил пеш хоҳад овард."

"НИГОҲ"

Ғараз аз роҳбандии Узбакистонро дар матлаби "Узбакистон: Аз роҳбандӣ ба роҳканӣ ва ё Ҳадафи Тошканд аз муҳосираи иқтисодии муназзами Тоҷикистон чист?", ба сахтӣ мувоҷеҳ сохтани мардуми тоҷик ва бедор намудани ҳисси нобоварии онҳо нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон унвон кардааст. Аммо ба навиштаи нашрия, ин хаёли хом аст. Зеро "тоҷики дар сахтӣ обутобёфта аз чунин имтиҳоноти зиндагӣ борҳо гузаштаасту боз ҳам мегузарад. Бо он хиради аҷдодӣ ва тавони таҳаммулпазиронае, ки дорад, ин мушкилии сунъӣ ба сараш овардаро сарбаландона пушти сар хоҳад кард ва ҳеҷ гоҳ айби як гурӯҳи кӯчаки ҳукуматдорону сиёсатбозони Узбакистонро бар сари тамоми миллати узбак нахоҳад кашид."

"ФАРАЖ"

Амалкарди ахири Тошкандро масъулиятношиносии Узбакистон дар баробари тааҳҳудоти байнулмилалиаш арзёбӣ кардааст. Нашрия дар матлаби "Нозҳои ҳамсоя. Ё қиссаи ҳамсояе, ки аз ҳикмати Худо бехабар аст" аз он низ мояи тааҷҷуб кардааст, ки созмонҳои байналмилие, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд, дар муқобили ин фишорҳои ғайриқонунии Узбакистон ҳеҷ гуна вокунише аз худ нишон намедиҳанд. Гӯиё ин як амри табиист ва Тошканд ҳар амали ғайриқонуние нисбати мо раво бинад, иҷозат дорад."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар матлаби "Что нас ждет?" (Моро чӣ интизор аст?) ба нақл аз коршиносон сардии муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро ба муносибати президентони ин кишварҳо марбут донистааст. Раҳматуллоҳ Зоиров, раҳбари ҲУСДТ гуфтааст, "вақте чунин таҳаввуле дар муносибот пеш меояд, ин рабт мегирад ба ангезаҳои шахсони аввали ҳар ду кишвар. Дар ин шароит барои ҳар ду ҷониб беҳтар аст, то иштибоҳҳо ва амалкарди худро эътироф кунанд." Ба таъкиди ин сиёсатшинос "дар сиёсат шарикони доимӣ вуҷуд надорад ва, албатта, Русия дар ин таҳаввулот даст дорад."

"СССР"

Ба ин аст, ҳар он чӣ ҷониби Узбакистон дар қиболи Тоҷикистон дар чанд соли ахир анҷом додааст, аз "маризӣ"-и Ислом Каримов, раисиҷумҳури кишвари ҳамсоя аст. Нашрия дар мақолаи "баъди Ислом ким Ислом мешавад?" навиштааст, "фурӯши газ бо нархи арзонтар ба Хитой ва хароб кардани Роҳи оҳани Хатлон танҳо барои зиён расондан ба Тоҷикистони азиз аст." Зеро ба навиштаи нашрия "ин нафар, яъне Ислом Каримов мариз аст, маризи ваҳмак. Ҳарос дорад, ки мардумаш пешрафтҳои ҳамсояашро дида, рӯзе зидди ӯ мешӯранд."

"НАҶОТ"

Фишорҳои Узбакистон алайҳи Тоҷикистонро дорои ангезаи сиёсӣ дониста ва навиштааст, "нигаронии Узбакистон аз як тараф ба қасди он аст, ки ҳамсоякишвари онҳо дар баробари дигар кишварҳо рақобатпазир набошад, аз сӯи дигар мақомоти узбак дар масъалаи баҳси Самарқанду Бухоро низ дар ташвиш аст." Ба навиштаи нашрия "мақомоти узбак ба ин назаранд, ки агар Тоҷикистон каме имкон ҳам ёбад, ҳатман барои гирифтани Самарқанду Бухоро талош меварзад.

"ИМРӮЗ-НЮЗ"

Бо ишора ва қазияи қатъи интиқоли газ ва тахриби роҳи қатори "Ғалаба-Амузанг" навиштааст, "вақт аст, ки Ҳукумов ва Шарофиддинов ба додгоҳ раванд". Нашрия навиштааст, "бояд ҳам Ҳукумов ва ҳам Шарофиддинов ва бархе аз зердастони онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."

"МИЛЛАТ"

Бо таваҷҷӯҳ ба паёмади таҳаввулоти ахир навиштааст, "Тоҷикистон солҳо боз ҳамчун як кишвари осебпазир боқӣ мондааст. Ҳатто бо тоб додани як чумаки гази узбакӣ хонаҳо аз гармӣ, нақлиёт дар роҳ, саноат аз кор боз мемонад." Ин аст, ки нашрия менависад, "дар мардуми тоҷик мақоле аст, "илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ". Аммо ҳар дафъа ҷониби Тоҷикистон илоҷи воқеаро баъд аз сар задани он меҷӯяд." Нашрия дар матлаби "Талко бе газ монд, пешгӯии Тӯраҷонзода собит шуд?" овардааст, "ба касе пӯшида нест, ки корхонаи алюминиюм солона садҳо миллион доллар даромад дошту дорад, бо чунин даромад тайи чанд соли фаъолият он метавонист ҳам чоҳҳои газ шикофаду ҳам дар фикри ашёи хоми ватанӣ шавад ва ҳам корхонаро бо ашёи хоми ватанӣ таъмин созад ва боз ҳазорҳо нафари дигарро соҳиби ҷойи кор кунад."

"ТОҶИКИСТОН"

Халосӣ аз "нозу карашма"-и бузургманишонаи раҳбарияти Узбакистонро дар "омодагӣ ба мушкиливу озмоишҳои навбатӣ тавассути кишвари ҳамсоя, ваҳдату иттифоқ ва мутаҳиддии мардуми тоҷик" донистааст. Нашрия навиштааст, "дар ин сурат тавассути Афғонистону Покистон бо Чину Қиғизистон роҳ ба ҷаҳони дигаре боз кунем. Он гоҳ мо на ин ки аз вобастагии Узбакистон раҳо мешавем, балки ба кишвари пайвасткунандаи Афғонистону Покистон бо Чину Қирғизистон табдил меёбем."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG