Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавонони тоҷик тағйиру пешрафт мехоҳанд, на ошӯб


Ҳамоише ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Ҳамоише ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Коршиносон мегӯянд, таъсири синдроми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш дорад.

Субҳон ва Беҳрӯз ҳарду 20-солаанд. Яке дар Русия мардикор аст ва дувумӣ дар донишгоҳе дар Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ҳарду аз зиндагии хеш ва вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон розӣ нестанд.

Субҳон мегӯяд, падари ӯ оила ва се фарзандашро тарк кард, модараш касбукоре надорад ва худаш натавонистаст, таҳсили худро ба поён расонад ё барои хондан дар хориҷа роҳхат бигирад. Вай ҳисси бекасӣ мекунад ва ҳукуматро масъули ин ҳоли худ медонад: “Раҳбарон фарзандони худро мехононанд, аммо халқи оддӣ бесаводтар ва камбағалтар мешавад.”

Ба ақидаи ҳамсоли ӯ, Беҳрӯз, дар Тоҷикистон ин ҳама сол пешрафте ба чашм намехӯрад, зеро мардум аз ҳукумат ҳисобот талаб намекунанд ва “тарсу эҳтиёткории ҷомеа давлатро бемасъулият кардаву дар ҳоли идомаи чунин раванд чизе ислоҳ намешавад, балки вазъ бадтар мешаваду беҳтар не.”

Сайфулло Муллоҷонов

Сайфулло Муллоҷонов

Сӯҳбатҳои озодонаву ҷасуронаи ҷавононе мисли Субҳон ва Беҳрӯз ахиран бештару баландтар ба гӯш мерасад ва нокомиҳои ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд. “Бӯҳрони маориф, беэътиноӣ ба қонун, набуди ҷойи кор ва даромади муносиб, равобити ноҳамвору номуайян бо Русия ва Узбакистон, баста шудани масҷидҳо ё фишор ба исломгароён, муроот нашудани ҳуқуқи инсон, маҳалгароӣ ва фасоди идорӣ... “-- Феҳраст рӯз то рӯз дарозтар мешавад.

Таърихшинос Сайфулло Муллоҷонов мегӯяд, “ҳарчанд шадидтарин зарбаро аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ тоҷикон хӯрдаанд, боз ҳам дар ҳеҷ кадоме аз онҳо нидои демократияхоҳӣ ва ҳақталабӣ ба монанди Тоҷикистон боҷуръатона ва ҳадафмандона нест.”

Ду моҳ пеш яке аз паноҳандагон ва муҳоҷирони пешин Иззат Амон эълом дошт, ки ба ватан баргаштааст ва мехоҳад, Ҳизби ҷавонони Тоҷикистонро таъсис дода, мавҷи наверо ба фазои сиёсии кишвар ворид кунад. Ба эътиқоди ӯ, "ҳоло насле ба воя расид, ки оташу хуну мусибати ҷангро надидааст, зиндагии беҳтаре мехоҳад ва ҳаққи худро талаб хоҳад кард.”

СИНДРОМИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

“Синдром” аслан истилоҳи пизишкист ва ҷамъи аломату ангезаҳоеро дар назар дорад, ки ба бемории муайян далолат мекунанд. Вале маҷозан ба омезиши назарҳо, эҳсосот, одат ё рафтори марбут ба ин ё он воқеаву хотира низ “синдром” гӯянд. Бино бар он, кишварҳое, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондаанд, бо аввалин нишонаҳои он аз ҳама гуна ҳаракат худдорӣ мекунанд, то дубора ба он чоҳ наафтанд. Тасвири чунин ҳолро метавон дар ин андарзи тоҷикӣ дид, ки “моргазида аз ресмони ало метарсад”.

Ҳукуматҳои пасоҷангӣ аз ин синдром барои ҳифз ва таҳкими қудрати худ ба таври васеъ истифода мекунанд. Пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1920-30-и Русия, раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, Иосиф Сталин ҷомеа ё ба камияш тарафдорони Ҳизби коммунистро ба сатҳе расонда буд, ки дар қатли ҳама гуна “душманони халқ” омодагии бехалали равонӣ доштанд. Раҳбари Зимбабве Роберт Мугабе, пас аз 32 соли ҷанг низ ҳамарӯза аз қаҳрамонони он унвон мешавад. Ҳизби ҳокими Алҷазоир аз солҳои 1990 ба ин сӯ раъйи мардумро бо шиори дунявият ва сулҳ зидди тундгароии исломӣ ва терроризм ҷалб мекунад.

Муҳоҷири тоҷик Субҳон мегӯяд, ривояти ҷанги Тоҷикистонро аз калонсолон шунидааст: “Нақл мекунанд, ки гурӯҳҳое мехостанд давлатро исломӣ кунанд, аммо халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Русия як шуда, саркӯб кардаанд, ки набояд исломӣ шавад, балки демократӣ.”

Мудири кафедраи равоншиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Нафиса Юнусова бар ин аст, ки зарбаи равонии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 бе мадади пизишкон ва барномаҳои махсуси давлатӣ дар муддати кӯтоҳ ва ба осонӣ рафъ намегардад ва “одамон намехоҳанд, он рӯйдодҳоро ба ёд оранд, аз эҳтимоли такрорашон метарсанд ва синдроми тарс онҳоро ғайрифаъолу пассив мегардонад.”

Таърихшинос Сайфулло Муллоҷонов, чанд сол пеш мӯҳлати эҳтимолии рафъи синдроми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро байни 25 то 33 сол муайян карда буд, аммо акнун меафзояд, бо вуруди фанновариҳои нави иттилоотӣ ва таъсири муҳоҷирату ҷаҳоншиносии ҷавонони тоҷик ин мӯҳлат шояд кӯтоҳтар шуда бошад.

Муҳаққиқони ғарбӣ бар инанд, ки давлатҳо набояд аз синдроми ҷанги дохилӣ сӯистифода кунанд, балки баръакс бояд ба муолиҷаи он машғул шаванд. Тарсондани шаҳрвандон ва ёдраси воқеаҳои солҳои нооромӣ, ки мисли таънаву маломат садо медиҳанд, метавонанд, натиҷаи акс диҳанд. Чунончӣ, ба хулосаи пажӯҳишгарони Маркази Аврупоии Равобити Байнулмилал, “фишору тамаркузи зиёд сари ин синдром дар давраи баъд аз соли 1944 сабаби такрори ҷанги шаҳрвандӣ дар 63 кишвар”, аз ҷумла Судон, Чад, Лубнон, Яман ва ғайра гаштааст.

ҶАВОНОН ДИГАРГУНӢ МЕХОҲАНД?

Аммо ин ақидаи Иззат Амон, ки ҷанги Тоҷикистон барои ҷавонон ба моли таърих табдил ёфтааст, то куҷо асос дорад? Ҷомеашинос Муллоҷонов мегӯяд, “дуруст аст, ки ҷавонон имрӯз боҷуръаттаранд, вале онҳо зери таъсири насли калонсоланд ва вақте мехоҳанд, ҳарфи дили худро бигӯянд, дар посух аз калонтарҳо ҳушдор мешунаванд, ки “мо як бор садо баланд кардем, озодӣ ва истиқлол хостем, бо тиру туфангу тонкҳо рӯбарӯ шудем ва аз он ҷое ки будем, ба ҷои қадаме ба пеш, даҳ қадам ба ақиб задем, ё ба таъбири машҳур аз чола ба чоҳ афтодем. Шумо фикр мекунед, аз бад бадтар нахоҳад шуд?”

Иззат Амон

Иззат Амон

Худи Иззат Амон низ ин падидаро мушоҳида кардааст ва мегӯяд, мансабдорони давлат хешу наздикони ҷавононро зери фишор мегиранд, то онҳо вориди сиёсат нашаванд. Аммо ба ақидаи донишҷӯи тоҷик, Беҳрӯз, ҷавонон бояд бо фарҳанги нави эътироз ё баёни ақида аз худ хабар диҳанд ва иштибоҳҳои гузаштаро такрор накунанд. “Албатта, бояд аз эҳтиёт кор гирифт, аммо набояд хомӯшу бетараф буд. Дар акси ҳол, ҳокимон мағрур мешаванд, ислоҳ намешаванд ва ба корҳои бадтаре даст мезананд.”

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ҳеҷ яки онҳо на ҷанги нави Тоҷикистонро мехоҳаду на бадбахтиеро барои мардум ва ватани худ. Онҳо ширкати худро дар равандҳои сиёсӣ кӯмак ба ватани хеш медонанд ва бар инанд, ки чандин соҳа дар кишвар дахолати фаврии ҷомеаро талаб мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, танҳо кишваре метавонад аз баҳси сиёсӣ рӯ тобад, ки некӯаҳаволии иқтисодии шаҳрвандон ва волоияти қонунро пурра таъмин карда бошад ва аммо Тоҷикистон дар чунин поя нест. Баҳси сиёсӣ сабаби вуруди нерӯҳои нав ба нав ба мудирияти кишвар ва пешрафти он мешавад.

Сиёсатмадори ҷавон Иззат Амон мегӯяд, ҷанги Тоҷикистон бояд танҳо як сабақ дошта бошад, ки набояд шароитеро ба вуҷуд овард, ки бегонагон битавонанд, аз вазъ истифода ва ба умури кишвар дахолат кунанд: “Мутаваҷҷеҳ гаштем, ки ҳамон ҷанг ҳам кори дасти бегонаҳо буд. Бино бар ҳамин ибрат аз он ҷанг ин бошад, ки миллат эҳтиёт бошад ва чунин имконро ба бегонагон надиҳад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG