Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азсаргирии музокироти ИМА ва Кобулу Исломобод


Дар акс: Ҷалил Аббос Ҷелонӣ, котиби вазири хориҷии Покистон (чап), Ҷовид Лудин, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон (байн) ва Марк Гроссман, фиристодаи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе. 25-уми марти соли 2012
Дар акс: Ҷалил Аббос Ҷелонӣ, котиби вазири хориҷии Покистон (чап), Ҷовид Лудин, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон (байн) ва Марк Гроссман, фиристодаи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе. 25-уми марти соли 2012

Музокироти қатъшудаи миёни Афғонистону Покистон ва Иёлоти Муттаҳида дигарбора аз сар гирифта шуд.

Даври панҷуми музокироти сеҷониба миёни Афғонистону Покистон ва Иёлоти Муттаҳида ё гурӯҳи тамос, ки дар пайи кушта шудани Бурҳонуддин Раббонӣ дар Кобул қатъ гардида буд, дигарбора аз сар гирифта шуд.

Дар ин музокирот, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, Ҷовид Лудин, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон, Ҷалил Аббос Ҷелонӣ, котиби вазири хориҷии Покистон ва Марк Гроссман, фиристодаи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ва Покистон ширкат карданд.

Ҷовид Лудин, муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон пас аз анҷоми музокирот Амрико, Покистон ва Афғонистонро се кишваре унвон кард, ки дар мубориза алайҳи терроризм талафоти зиёди ҷонӣ додаанд. Ӯ афзуд, мавзӯи аслии даври навбатӣ дигарбора тамаркуз додани талошҳо барои ба дасти худи афғонҳо афтодани ҷилави раванди сулҳ дар Афғонистон аст.

Марк Гроссман, фиристодаи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ва Покистон гуфт, то ин ки заминаи дубора шурӯъ кардани ин гурӯҳи тамос фароҳам ояд, Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон моҳи феврал ба Покистон сафар кард ва ҳам Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон чанде қабл аз Толибон хост, ки ба раванди сулҳ дар Афғонистон ҳамроҳ шаванд.

Музокироти сеҷониба миёни Афғонистону Покистон ва Иёлоти Муттаҳида ё гурӯҳи тамос моҳи сентябри соли гузашта дар пайи террори Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои миллии сулҳи Афғонистон дар Кобул қатъ шуда буд. Он замон Кобул бо ишора ба он ки террористи маргталаб покистонӣ буд, Исломободро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористиву ифтротгаро айбдор намуд. Аммо Исломобод ин иттиҳомро рад кард ва дар навбати худ эълом дошт, ки гурӯҳҳои террористӣ қаламрави Афғонистонро барои ҳамла ба Покистон истифода мекунанд.

Музокироти сеҷониба миёни Афғонистону Покистон ва Иёлоти Муттаҳида дар остонаи Конфронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон (RECCA) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG