Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон баъд аз зуҳри шанбе дар раъси ҳайате аз мақомҳои баландпояи ин кишвар вориди Душанбе шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Ҷумҳури Исломии Эронро Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон истиқбол кард.

Аҳмадинажод, ки бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар барномаҳои таҷлили «Наврӯзи байналмилалӣ - 2012» ва «Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон» дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон низ чанд лаҳза қабл ворид Тоҷикистон шуд. Қарор аст, то чанд лаҳзаи дигар Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон низ вориди шаҳри Душанбе шавад.

Ин аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, қабл аз сафар ба Тоҷикистон гуфт, ки бар иловаи ширкат дар чорабиниҳои марбут ба таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон, мулоқотҳои дуҷонибаеро бо бархе аз раисони ҷумҳур хоҳад дошт ва ҳамчунин дар музокироти сеҷонибаи сарони Эрону Афғонистону Тоҷикистон ва музокироти чаҳор ҷониба, ки раиси ҷумҳури Покистон ҳамроҳ хоҳад шуд, ширкат мекунад.

Ба ин тартиб, ба иттилои сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Маҳмуди Аҳмадинажодро дар сафари серӯза ба Тоҷикистон вазирони умури хориҷӣ, ниру, роҳу маскан ва беҳдошту улум ҳамроҳӣ доранд.

Қарор аст, то соате мулоқоти рӯ ба рӯи Аҳмадинажод ва Раҳмон, раисони ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон дар Кохи «Миллат» сурат бигирад, ки ба таъкиди мақомот, густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ дар меҳвари ин музокирот қарор хоҳад дошт.

Ҳамчунин пас аз ин мулоқот Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими ифтитоҳи «Хонаи Эрон» ширкат ва суханронӣ мекунад, ки ин тарҳ бо сармоягузории ҷониби Эрон роҳандозӣ шудааст.

«Хонаи Эрон» аз таъсисоти фарҳангиест, ки ҳадаф аз он муаррифии фарҳангу ҳунар ва таърихи Эрон аст. Ин муҷтамаи фарҳангӣ аз чанд толору ғурфаҳо таркиб ёфтааст.

Зеро ба иттилои дастандаркорони ин тарҳ, дар маросими «Хонаи Эрон» намунаҳое аз фарҳанги ақвоми эронӣ ба намоиш гузошта хоҳанд шуд ва намоишгоҳи саноати дастӣ, назири хаттотӣ, қолибофӣ ва минокориро барои алоқамандон доир хоҳанд кард.

Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ин муҷтамаи фарҳангӣ, маҳфилҳои адабӣ, назири «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ» ва «Рӯдакихонӣ» иҷро шавад.

Эрон ба унвони бузургтарин кишвари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон, пас аз Чин ва Русия маҳсуб мешавад. Муддати ду даҳсола равобиту ҳамкориҳои Эрон бо Тоҷикистон, ки дорои фарҳангу таърихи муштарак доранд, ба таври чашмгир густаришу тавсеа пайдо кардааст.

То кунун Эрон дар чандин тарҳҳои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ширкат карда ва роҳандозии нерӯгоҳи барқӣ - обии «Сангтуда - 2» дар ҷануби ин кишвар намунаи беҳтарини ҳамкориҳои миёни ду кишвар хонда мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти эронӣ ҳаҷми мубодилоти коло бо Тоҷикистонро беш аз 200 миллион доллар дар сол таъкид кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо ин рақам ҷонибҳоро қонеъ намекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG