Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Наврӯз дар Маҷмаи умумии СММ


Рӯзи сешанбеи 20-уми март дар толори Маҷмаи умумии СММ бо ташаббуси 12 кишвари узви ин созмон ҷашни бузурги наврӯзӣ барпо шуд.

Ибтидо сафирони кишварҳои ба истилоҳ сарпарасти ҷашни Наврӯз ба беш аз як ҳазор меҳмон дар бораи иди баҳор ва аҳамияти он сухан гуфта, изҳори умед карданд, ки соли нав ва рӯзи нав мояи илҳом ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммул хоҳад шуд.

Дар зиёфати наврӯзӣ мизҳо саршор аз анвои хӯрданиҳои шарқӣ буданду онро садои мусиқии шарқӣ ҳамроҳӣ мекард.

Сафири Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов мегӯяд, Наврӯз бо эҳтиромаш ба сулҳу субот ва ҳусни ҳамҷаворӣ, метавонад дар таҳкими равобити миёни инсонҳо саҳмгир бошад: “Анъанаи фарҳангии Наврӯз ин аст, ки худхоҳӣ, ҷаҳолат ва назари манфӣ ба арзишҳои рӯҳонии дигаронро комилан намепазирад. Анъанаи Наврӯз талаб мекунад, ки фард бо орзуҳои нек ба мардуми бегона таҳаммул нишон диҳад ва ин аст, яке аз муҳимтарин амалкардҳои ин ид.”

СММ дар соли 2010-ум 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии таҷлили Наврӯз эълон кард ва инак Наврӯз бори дуюм дар СММ ҷашн гирифта шуд.

Изҳороти дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба муносибати фарорасии Наврӯзро сафир Виҷай Намбиар ба ҳозирин ироа кард: “Дар як замоне, ки олам тағйиру дигаргуниҳоро пушти сар мекунад ва вазъ дар як идда кишварҳои таҷлилкунандаи Наврӯз рӯшан нест, паёми сулҳ, ки асли Наврӯзро ташкил медиҳад, хеле муҳим аст. Ҳоло фикри ман бо он ҷамоаҳоест, ки дар шароити вазнин Наврӯзро таҷлил мекунанд. Ин ид гувоҳи он аст, ки мо як сарнавишт дорем ва бояд ба хотири ояндаи неке барои ҳама талош варзем.”

Дар зиёфати наврӯзӣ сафирони Афғонистон, Эрон Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Ҳиндустон ва Ироқ низ ҳузур доштанд.



XS
SM
MD
LG