Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи китоб. Ҷашни нав дар тақвими тоҷикон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз ин баъд ҳар сол чоруми сентябр ба унвони рӯзи китоб таҷлил хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки 4-уми сентябри соли 2007 - рӯзи гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллӣ – Рӯзи китоб эълон шавад. Вай афзуд, "дар марҳилаи нави таърихӣ суннати қадимаи китобдориву китобхонии мо ба сурати тоза ва мазмуну мӯҳтавои нав идома пайдо кард."

"Бояд гуфт, дар баробари пешрафту тараққиёти босуръати ҷаҳони имрӯза нақш ва мақоми китоб дар ҷомеа ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ пайваста боло меравад. Тӯли солҳои мавҷудияти хеш Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ин рисолати бузурги ҷамъиятӣ ва маърифативу иттилоотиро ба таври шоиста анҷом дод"
,-афзуд раисиҷумҳур.

Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи китобхонаи нави миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе ва мулоқоташ бо аҳли зиёи кишвар баён дошт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар сол дар остонаи Иди Наврӯз бо аҳли зиёи кишвар мулоқот анҷом медиҳад. Имсол ин мулоқот дар бинои китобхонаи нави миллии Тоҷикистон, ки субҳи рӯзи 20-уми март ифтитоҳ шуд, доир гашт.

Сохтмони нави нӯҳқабатаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои нигоҳдории 7 миллион китоб пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар сохтмони қадими Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ чизе дар ҳудуди 3 миллион нусха китоб мавҷуд буд.

Мақомоти тоҷик дар як соли ахир маъракаи ҷамъоварии китобро низ ба роҳ монда, аз муҳассилину кормандон ва вазорату кумитаҳо китоб ҷамъ овард. Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2007 оғоз ёфта, ҳазинааш зери 40 миллион доллар баровард мешавад. Масоҳати умумии китобхона ҳудуди 45 ҳазор метри мураббаъ буда, он дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳҳо ва чопхона мебошад.

Ифтитоҳи Китобхонаи нави миллӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG