Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Белорус як ҷавоне, ки барои бомбгузорӣ дар метрои шаҳри Минск гунаҳкор дониста шуда буд, эъдом шудааст.

Любов Ковалёва, модари яке аз ду ҷавоне, ки барои бомбгузорӣ дар метрои шаҳри Минск гунаҳкор дониста шуданд, мегӯяд, ҳукми эъдоми фарзанди вайро иҷро кардаанд.

Бар асари таркиш дар истгоҳи метрои "Октябрская"-и Минск, ки 11-уми апрели соли 2011 ба вуқӯъ пайваст, 15 нафар кушта ва тақрибан 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Хонум Ковалёва ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ӯ дар бораи эъдоми писараш Уладислав Ковалёв номаи расмӣ гирифтааст. Татяна Ковалёва, духтари вай ба бахши беларусии радиои Озодӣ чунин гуфт: “Мо ҳамин ҳоло аз почтаамон ёддоште гирифтем. Аз Модар ва хоҳари ҷавони эъдомшуда

Модар ва хоҳари ҷавони эъдомшуда

Додгоҳи Олӣ, аз таърихи 16-уми март дар ин бора, ки ҳукм иҷро шудааст. Онро модарам гирифт. Онҳо вайро куштаанд. Ҳама чиз дигар пучу бефоида аст.”

Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки рӯзи ҷумъа Любов Ковалёва, модари Владислав ба Радиои Озодӣ гуфт, вай аз Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус хостааст, ҳадди ақал барои як соли дигар ин ҳукмро иҷро накунанд, то писари вай ҷавоби дархости худ аз Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ-ро бигирад.

Рӯзи ҷумъа Кетрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз Беларус хост, Владислав Ковалёв ва Дмитрий Канаваловро барои бомбгузории соли гузашта дар метрои Минск эъдом накунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG