Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии тарҳи ислоҳоти Қонун дар бораи пулис, бо мусоидати САҲА ва ширкати ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи маданӣ оғоз ёфт.

Ҳайдар Муҳаммадиев, афсари робити вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мизи гирди аввалини баррасии қонун дар Душанбе гуфт, қонун заминаи ҳуқуқии ислоҳоти решаии вазорати корҳои дохилӣ хоҳад буд: «Мо мехоҳем қонуни нави пулис қонуне бошад, ки ба мардум хизматрасонӣ кунад. Хизматрасонӣ дар соҳаи таъмини амният ва ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон, яъне ин мақоме нахоҳад буд, ки назорат мекунад, балки мақоме хоҳад буд, ки вазифадор аст хизмат расонад. Коре кунад, ки зиндагии мардум амну осоишта бошад. Аҳолии Тоҷикистон милисаро ҷузъи худ донад. Яъне пулис ҳам мисли мардум аст, аммо вазифадор аст амнияти онҳоро таъмин намояд.»

Масъулин мегӯянд, тарҳи қонуни нави пулис ва қонунҳои ба он марбут то ним соли дигар таҳия ва ба парлумон ироа мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, ислоҳоти пулиси Тоҷикистон умдатан бар асоси таҷрибаи Хорватия ва ба мӯҳлати даҳ сол роҳандозӣ хоҳад шуд. Фарқи ин ду ислоҳот аз ҷумла ин хоҳад буд, ки барои ислоҳот дар Хорватия 84 миллион харҷ шудаву барои Тоҷикистон тақрибан 10 миллион доллар хоҳад буд.

Сармоягузорони ислоҳот Амрико ва кишварҳои Аврупо унвон мешаванд. Иддае аз коршиносон бар инанд, ки ин маблағ кофӣ нест ва барои Тоҷикистон беҳтар аст аз таҷрибаи Гурҷистон истифода шавад. Дар Гурҷистон, ки аҳолиаш 4 миллион нафар аст, тайи ду соли ислоҳот 70 ҳазор корманди милиса, беш аз 80 дарсад аз кор ронда шуда, ба ҷои онҳо 26 ҳазор нафар аз шаҳрвандони 19 то 35 сола ба милиса ҷалб шуданд. Ҳамчунин ҳазинаи ислоҳоти милиса дар Гурҷистон, тибқи манобеи гуногун, аз 10 то 20 миллион доллар ҳадс зада мешавад.

Оливер Янсер, мушовири мубориза бо терроризм ва масъули ислоҳоти пулиси САҲА аз соли 2008, таҷрибаи Гурҷистонро ғайри қобили қабул медонад: «Ман дар ислоҳоти пулиси чандин кишвар кор кардаам. Мо ҳатто дар бораи ин модел фикр кардем, ки шумо метавонед ҳамаро аз кор пеш кунед, яъне аз баҳри ҳама гузашта, афроди навро рӯи кор оред, тавре дар Гурҷистон буд. Ин кори осон ва он қадар қонунӣ нест, аммо суол ин аст, ки ба ҷои онҳо кӣ меояд. Мо дар Тоҷикистон таҳқиқ гузарондем ва ба чунин хулоса расидем, ки амалан дар ин ҷо ҳайати навро тавре дар Гурҷистон буд, наметавон пайдо кард, зеро аҳолӣ кам аст.»

Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо 8-уми апрели соли 2011 ёддошти ҳусни тафоҳумеро дар бораи ислоҳоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба имзо расонида буданд. Ин ҳуҷҷат 8 феврали соли равон аз сӯи парлумон ба имзо расид ва ҳукми санади байнулмилалиро гирифт, ки иҷрояшро барои Тоҷикистон ҳатмӣ мегардонад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик

Дар ҳамин ҳол Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони «Перспектива Плюс» мегӯяд, барои татбиқи ин барнома талоши ниҳоят зиёд зарур аст: «Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки аз як тараф тамоми эъломияҳои байнулмилалиро ба тасвиб расондааст. Ҳукумати мо ин корҳоро зуд мекунад. Аммо дар ин бора, ки онҳо чӣ тавр амалӣ мешаванд, механизме нест. Ман воқеан ҷонибдори ислоҳот дар пулис ҳастам. Соли гузашта ба қонуни милиса тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки тавре мебинед, вазъи умуман бад шудааст. Корҳое мешаванд, ки ба даҳшат меоед. САҲА бояд аз тамоми салоҳиятҳояш истифода кунад, то ин ислоҳот бошад.»

Иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки дар Тоҷикистон муваффақияти ҳама гуна ислоҳот бо иродаи сиёсии раҳбарияти кишвар бастагӣ дорад. Ба қавли онҳо, дар ҳоли ҳозир барои ҳукумат ҳамин милиса заруртар аз пулис аст, магар ин, ки то даҳ соли дигар заруратҳои дигар пеш наоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG