Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо ба ин боваранд, ки дар Тоҷикистон оппозитсия нест ва агар бошад ҳам, хеле заиф аст.

Ҳеҷ чеҳра ё нерӯи сиёсӣ дар Тоҷикистон аҳамияти оппозитсия ё мухолифонро рад намекунад, балки ҳама онро "тараф"-и зарурии рушди мардумсолорӣ ва ҳаракатдиҳандаи муҳими талошҳои ҳукумат меноманд. Аммо бисёриҳо мегӯянд, ҳоло дар баробари ҳукумати кишвар ягон оппозитсияи ҷиддӣ вуҷуд надорад. Аз ҷумла яке аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯяд, "оппозитсияро намебинам. Фикр мекунам, имрӯз ҳама барои як кас кор мекунанд..."

Афроде ҳам бар инанд, ки Тоҷикистон ба оппозитсия ниёз надорад, чун ҳамагон аз сиёсати раисиҷумҳури кунунӣ розиянд ва аз ин сиёсат пуштибонӣ мекунанд. Вале ҳамсӯҳбатони дигар аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва Раҳматило Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон ба унвони "оппозитсия" ёдовар шуданд. Ин қабил назардиҳандагон мегӯянд, набояд оппозитсияро ба маънои душман фаҳмид, балки онро рақобат дар майдони сиёсат донист, рақобате созанда ва барои беҳбуд, пешрафт, муқоисаи мавқеъ, идеяҳо ва шеваҳои фаъолият.

Бо вуҷуди эътирофи ин нукот, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, мухолифони сиёсӣ фаъол, муттаҳид ва тавоно нестанд. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, оппозитсияи нерӯманд дар оғози солҳои навадуми садаи гузашта дар Тоҷикистон вуҷуд дошт. Вале, ба гуфтаи ӯ, ҳоло он оппозитсия нест ва агар бошад ҳам, хеле заиф асту дасти кӯтаҳе дорад. "Барои онки дар давлатдорӣ ё ҳокимият фаъолияти онҳо маҳдуд аст",-- таъкид кард ӯ.

Сафи онҳое ҳам кам нест, ки аз посух додан ба ин суол мегурезанд ва баҳонае ҳам барои ин гурез доранд:

  • Намедонам, ака.
  • Мо аз сиёсат берунем.
  • Ба ин саволи сиёсӣ чизе гуфта наметавонам.
  • Одами соф эҷодиям ва ин гуна чизҳоро намефаҳмам.
  • Тасаввуроте дар бораи оппозитсия надорам, бачам...

Назари бештари раҳгузарони хиёбонҳои Душанберо дар навори зер бубинед. Аммо агар худ андшае дар ин бобат доред, лутфан, онро дар пайи матлаби мо бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG