Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се бонуи тоҷик дар БДА. Дигар мардон танҳо нестанд


Барои нахустин бор се бонуи тоҷик ба унвони корманди БДА (ГАИ) ё пулиси роҳ пазируфта шудаанд.

Акнун дар баробари мардон бонувони тоҷик низ дар ҷодаҳо истода, ҳаракати мошинҳоро назорат мекунанд. Ба қавли мақомот ин марҳилаи озмоишист ва дар сурати муваффақ будани он сафи чунин бонуҳо хоҳад афзуд.

Азиза Муҳаммадҷонова, ки ҳамагӣ 24 сол дорад, ин масъулияти, ба гуфтаи ӯ, вазнинро бар ӯҳда гирифтааст. Бо вуҷуди он ки Азиза имсол Академияи милисаро хатм мекунад, аммо чаҳор сол собиқаи корӣ дорад. Ин бонуи тоҷик то кунун дар бахши шиносномадиҳӣ ва сабти шаҳрвандон фаъолият кардааст.

Азиза мегӯяд, дер боз орзуи пулиси роҳ шуданро дошт ва билохира ба ин орзуяш расид. "Дар хона инро ҳама хуш пазируфтанд. Рӯзи аввалини корӣ ронандагон моро дида, тааҷҷуб мекарданд. Вале як марди ронанда рафта гул харида овард ва ба мо тақдим кард",-гуфт ӯ.

Азиза Муҳаммадҷонова
Азиза Муҳаммадҷонова
Замира Рӯзиева, яке дигар аз бонувонест, ки унвони нозири БДА (Бозрасии давлатии автомобилӣ)-ро соҳиб шудааст. Замира 35 сол дорад ва модари як фарзанд аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамсараш ба интихоби ӯ эҳтиром гузоштааст. "Шавҳарам кори маро қабул карданд. Бо хоҳиши худам, ба ин соҳа гузаштам. Ҳоло таҷриба меомӯзем, фикр намекунам, ки аз интихоб баргардам. Дар ҳоле ки медонам бо ронандаҳо кор кардан мушкил аст",-афзуд Замира.

Дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 100 зану ҷавондухтар фаъолият доранд. Аммо аз миёни онҳо танҳо се нафар масъулияти пулиси роҳро бар дӯш гирифтаанд. Гуфта мешавад, таъсиси бахши вижаи занон дар БДА ба фаъолияти онҳо сахт вобаста аст.

Аксарият мегӯянд, ҷомеаи Тоҷикистон суннатист ва мардони тоҷик аз кори ба қавле "мардона"-и занон хушашон намеояд. Аммо бештари ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки аз кори се бонуи тоҷик дар БДА истиқбол мекунанд. Насим Раҷабов, як сокини Душанбе, гуфт, ҳузури хонумонро ба ҳайси корманди БДА фоли нек медонад. Вай мегӯяд, "аксари пулиси роҳ (мардон) бо ронандаҳо бисёр дағалона рафтор мекунанд. Занон дигар ҳастанд, онҳо нармтаранд. Тавре шоир гуфтааст, хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд."

Абдураҳим Самадов, ки худро корманди соҳаи андоз муаррифӣ кард, низ гуфт, "занон арзандаи корҳои баландтар аз ин ҳастанд." Ҳамин тавр назари аксари мардон дар бораи кори бонуҳои тоҷик ба унвони пулиси роҳ мусбат буд. Ҳарчанд бархе аз афрод мегуфтанд, ки "занро чиву "ГАИ" шуданаш чӣ…Ин кори мардон аст."

Бо он ки ҳоло танҳо се бонуи тоҷик ба унвони пулиси роҳ марҳилаи озмоиширо пушти сар мекунанд, он рӯз дур нест, ки дар канори онҳо бонуҳои дигар низ хоҳанд пайваст. Зеро дар чанд соли қабл ҳамагӣ як ё ду ронандаи занро дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон дидан мумкин буд. Аммо ҳоло сафи онҳо натанҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ афзудааст...
XS
SM
MD
LG