Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар Ҷоми даъвати AFC-2012 бар тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд

Ин бозии даври аввали гурӯҳи “В рӯзи 9 - уми март дар варзишгоҳи “Дашрат”-и пойтахти Непал – шаҳри Катманду сурат гирифт.

Голҳоро ба дарвозаи дастаи Ҳиндустон Аҳтам Ҳамроқулов ва Нуриддин Давронов дар нимаи дуввуми дидор заданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳайати зерин ба майдон омад:

Алишер Тӯйчиев, Эраҷ Раҷабов, Даврон Эргашев, Соҳиб Саванқулов, Алексей Неъматов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Маҳмадалӣ Содиқов (капитан), Фарҳод Тоҳиров, Аҳтам Ҳамроқулов,

Бозигарони эҳтиётӣ: Владимир Сисоев, Дилшод Восиев, Аҳтам Назаров, Далер Тухтасунов, Фаррух Чориев, Комил Саидов, Юсуф Рабиев, Саидҷон Саидраҳмонов, Умед Ҳабибуллоев, Иброҳим Рабимов, Илҳом Ортиқов, Хуршед Маҳмудов.

Ҳайати дастаи мунтахаби Ҳиндустон: Каранҷит Сингҳ, Раҷу Екнатҳ Гаикванд, Сунил Четри, Антонио Перейра, Самир Наик, Одил, Сушилкумар Сингҳ, Гоураманҷӣ Сингҳ, Рокус Ламаре, Саид Раҳим Набӣ, Франсиско.

Бозигарони эҳтиётӣ: Нирмал Четри, Анвар, Сатхуан Сабитҳ, Абранчес Сантан, Лалриндика Ралте, Субасиш Рой, Гурҷиндер Кумар, Ҷевел Раҷа Шайх, Рейсангми Вашум, Ариндам Баттачарҷа, Киншук, Ленни Родригес.

Сардовар: Алӣ Сабоҳ аз Лубнон. Ёваронаш - Муҳаммад Ҳаниф Абдул Раҳмон (Малайзия), Муҳаммад Аслам Абдин (Шри-Ланка). Довари эҳтиётӣ – Юсуф Ал-Марзук (Кувайт). Комиссари бозӣ – Сизар Умар Ҳусни Субар (Урдун), нозири доварон – Муроди Масъуд (Эрон).

Дар бозии дигари ин гурӯҳ пеш аз ин дидор дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бар тими миллии Филиппин бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Пак Нам Чол дар дақиқаи 58-ум ва Ҷонг Кук Чол (дақиқаи 70-ум) ба самар расонданд.

Барои ба даст овардани як роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, ҳашт даста мубориза мебарад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Непал, Фаластин, Молдив ва Туркманистон дохиланд. Дар бозиҳои нахустин даври мусобиқа, ки рӯзи 8-уми март баргузор шуданд, Туркманистон бар Молдив бо ҳисоби 3:1 ва Фаластин бар Непал бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.

Коршиносон гурӯҳи “В”-ро гурӯҳи “марг” меноманд. Зеро ба ин гурӯҳ ҳарсе дастаи ғолиби мусобиқоти пешин – Тоҷикистон (2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) дохиланд.

Воқеъан, имрӯз дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Қатар ва Лубнон, ба гурӯҳи «В» Австралия, Ҷопон, Ироқ, Урдун ва Умон дохил шуданд.

Ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразил роҳхат мегиранд. Дастаҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, ба даври панҷум роҳ меёбанд. Бозиҳо аз 3-ми июни соли 2012 то 18-уми июни соли 2013 барпо мегарданд. Ғолиб бо дастаи панҷуми КОНМЕБОЛ 6-ум ва 10-уми сентябри соли 2013 ду бозии интихобии байниминтақавӣ анҷом медиҳад.

Бармегардем ба бозии Тоҷикистону Ҳиндустон. Ҳоло дақиқаи бистуми бозӣ сипарӣ шуд, вале дастаҳо муваффақ нагаштаанд, ҳар чанд кӯшиш доранд, вале тӯб вориди дарвоза нашудааст. Дар варзишгоҳ тахминан 300-400 тамошогар ширкат дорад. Як зарбаи сахти бозингарони Ҳиндустонро дарвозабони дастаи Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев баргардонд. Баъди зарбаи Антонио Перейра, бозигари Ҳиндустон тӯб аз болои тири дарвоза гузашт.

Раҳим Набӣ, бозигари Ҳиндустон барои бозии дағалонааш муқобили Аҳтам Ҳамроқулов корти зард гирифт. Дақиқаи 25-ум ҷараён дорад ва ҳисоб ҳамоно 0:0 мебошад.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн ҷараён дорад. Нуриддин Давронов аз масофаи тахминан 30 метр зарба зад ва тӯбро дарвозабони дастаи Ҳиндустон баргардонд. Ҳоло дақиқаи 32-юми бозӣ идома дорад ва ҳисоб 0:0.

То анҷоми қисми аввал панҷ дақиқа мондааст ва ҳисоб ҳамоно 0:0 мебошад. Дар ҳайати дастаи Ҳиндустон капитани онҳо Сунил Четрӣ хеле фаъол аст.

Чиҳилу панҷ дақиқаи вақти асосии нимаи аввали дидор ба анҷом расид. Ҳоло замони изофии таъйинкардаи сардовар ҷараён дорад.

Дар хати пеши ҳар ду даста Сунил Четрӣ ва Аҳтам Ҳамроқулов фаъоланд, вале ҳисоб дар қисми аввал боз нашуд ва дастаҳо ба танаффус баромаданд.

Нимаи дуввуми бозӣ шурӯъ шуд. Ҳисоб 0:0. Дар ҳайати дастаҳо тағйирот ба амал наомадааст.

Бозигарони ҳар ду даста Четрӣ ва Фарҳод Тоҳиров зарбаҳои хуб заданд. Вале тӯб баъди зарбаи бозингари ҳиндӣ аз назди сутуни дарвозаи дастаи Тоҷикистон гузашт. Баъди зарбаи футболбози тоҷик бошад тӯбро дарвозабон дошт.

Дар дақиқа 61-ум баъди зарбаи Аҳтам Ҳамроқулов ҳисоб кушода шуд. Пеш аз ин гол Ҷаҳонгир Ҷалилов корти зард гирифт.

Дар дақиқаи 67-ум футболбозони тоҷик ҳисобро афзун намуданд. Ин дафъа голро Нуриддин Давронов вориди дарвозаи Ҳиндустон кард.

Дар дақиқаи 70-уми дар ҳайати дастаи Тоҷикистон аввалин бозингар иваз шуд. Ба ҷои Аҳтам Ҳамроқулов ба майдон Юсуф Рабиев омад.

То анҷоми замони асосии бозӣ 15 дақиқа мондааст. Ҳисоб ҳамоно 2:0 ба фоидаи Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон бозигари дувувум иваз шуд. Ба ҷои Фарҳод Тоҳиров ба майдон Илҳом Ортиқов омад. То анҷоми замони асосии бозӣ 5 дақиқа мондааст. Ҳисоб 2:0 ба фоидаи Тоҷикистон. Футболбозони тоҷик аз пайи ҳимояти дарвозаи худ ҳастанд. Дастаи Ҳиндустон бо қувваи калон ҳуҷум мекунад ва мехоҳад, ки ҳисобро тағйир диҳад.

Навад дақиқаи замони асосӣ ба анҷом расид ва ҳоло вақти иловагие, ки сардовар таъйин намудааст, ҷараён дорад. Дилшод Восиев метавонист ҳисобро афзун кунад, вале дарвозабони ҳиндиҳо дастаашро аз гол эмин дошт.

Се дақиқаи вақти изофӣ ҳам поён ёфт. Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад ва мисли Кореяи Шимолӣ се имтиёз ба даст овард. Ҳар ду даста дар гурӯҳи "B" пешсафанд. Тимҳои Ҳиндустону Филиппин бошанд имтиёз надоранд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври дуввум рӯзи якшанбеи 11-уми март бо тими Кореяи Шимолӣ рақобат хоҳад кард. Дар бозии дигар дастаҳои Ҳиндустон ва Филиппин қувваозмоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG