Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши бадномкунии хабарнигори Радиои Озодӣ


Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ

Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ

Хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ аз раисиҷумҳур Илҳом Алиев хостааст, то ба мушкили ӯ расидагӣ шавад.

Хадиҷа Исмоилова, яке аз хабарнигорони бахши озарии Радиои Озодӣ, ки дар Озарбойҷон ба унвони хабарнигори нотарсу муҳаққиқ ном баровардааст, мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифтааст. Дирӯз (7-уми март) Исмоилова номае дарёфт кард, ки дар он аксашро гузошта ва навиштаанд: “Фоҳиша, худатро дор, вагарна шарманда мешавӣ.”

Хадиҷа Исмоилова ин номаро дар “Фейсбук”-и худ гузошта ва навиштааст: “Бовар дорам ва тасмим гирифтаам, ки бар зидди ҳар гуна маъракаи бадномкунанда муқовимат мекунам.” Вай мегӯяд, бори аввал нест, ки бар зидди рӯзноманигорон ба чунин табаҳкориҳо даст мезананд.

Исмоилова мустақиман аз раисиҷумҳури кишвари худ хостааст, то ба ин ҳодиса расидагӣ сурат гирад ва амнияти вайро таъмин кунанд.

Стивен Корн, раиси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин корро талоши нангини бадном кардани рӯзномагигорон дар ҷомеа номида ва гуфтааст, "радио аз рӯзноманигор Хадиҷа ифтихор дорад, аз вай ва кораш ҳимоят мекунад." Ҳафтаи оянда Стивен Корн ба Боку, пойтахти Озарбойҷон, меравад ва ин масъаларо бо мақомоти расмии ин кишвар дар миён хоҳад гузошт.

Хадиҷа Исмоилова дар гузоришҳояш ришвахорӣ дар Озарбойҷон ва дороиҳои моливу моликияти Илҳом Алиев, раисиҷумҳур ва аъзои хонаводаи ӯро дар Дубай интиқод кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG