Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зани кӯҳансолтарин дар Кӯлоб 112-сола шуд


Тоҷигул Қурбоноваи 112-сола

Тоҷигул Қурбоноваи 112-сола

Кӯҳансолтарин зани Кӯлоб дар деҳаи Ҷангалбошии ҷамоати Зиракии ин шаҳр 8-уми март 112-умин солгарди умри худро дар ҳалқаи беш аз 150 набераву абера таҷлил мекунад.

Дар шиносномаи Тоҷигул Қурбонова навишта шудааст, ки ӯ 8-уми марти соли 1900 таваллуд шудааст. Ҳарчанд зеҳну шунавоии ин зани кӯҳансол кунд шуда бошад ҳам, аммо хотироти замони наврасиашро канда-канда ба хотир оварда метавонад.

Ӯ дар замони ҳукумати аморати Бухоро се сол бо ҳуруфи форсии арабиасос таълим гирифта, баъдан дар солҳои сиюм ба мӯҳлати як сол хатти лотиниро, ки он замон ҳамчун хатти расмӣ қабул шуда буд, аз худ мекунад.

Хати кириллие, ки ҳоло маъмул аст, наомӯхтааст ва ҳоло барои гирифтани нафақааш бо ҳуруфи форсӣ имзо мегузорад. Ин зани кӯҳансол мегӯяд, дар зиндагии беш аз сад солааш се бор -- замони наврасиаш дар соли 1917, замони Ҷанги Бузурги Ватан ва солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ранҷи гуруснагиро кашидааст.

Тоҷигул Қурбонова умри дароз диданашро ба зиндагии хушу хуб ва саршор аз муҳаббат бо ҳамсараш медонад, ки беш аз 90 сол якҷоя зиндагӣ кардаанд. Аммо шавҳараш даҳ сол пеш аз дунё даргузашта ва танҳо як аксу хотироти ширине ба ин зан мерос гузоштааст. "Тамоман ҷанг намекардем. Ранги дугона будем. Дар колхоз якҷоя кор мекардем. Ҳафт ҷӯя барои полез кардан ӯ мегирифт ва ҳафт ҷӯяи дигар ман мегирифтам. Ҳарду бар ба бар кор мекардем. Аз ҳамин ҳисоб соҳиби мошин шудем, ки то ҳозир ҳаст. Зиндагии хуб доштем, лек ӯ маро партофта рафт",-гуфт ӯ.

Ситора, набераи Тоҷигул Қурбонова

Ситора, набераи Тоҷигул Қурбонова

Зиндагии рангини беш аз як асраи Тоҷигул барои наберагону аберагон аҷиб аст. Ситора, набераи ин зан мегӯяд, Тоҷигул Қурбонова аз фарзандон сар карда, то наберагону аберагон, ба онҳо тарбияи хуб додааст ва ҳама дар посухи ин ӯро нигаҳбонии хуб мекунанд: "Худо умрашро дароз кунад, ҳамаамон дӯсташ медорем. Дар вақташ бобои худораҳматиам ҳар чӣ тавонистанд, дар ҳаққамон карданд. Имрӯз мо ҳар лаҳзаву ҳар соат аз ҳолаш бохабарем."

Ниҳолбӣ Талбакова, келин ё арӯси ин хонадон мегӯяд, то ҳол ӯро ҳамчун модар медонад ва ҳеҷ гоҳ хушдоман будани ӯро эҳсос накардааст: "Зиндагии худаш бе ниҳоят хуб гузашта буд ва мехост, ки зиндагии мо ҳам хуб гузарад. Хусурам ҳафт сол дар ҷанг иштирок карда буд ва худаш говҷӯши пешқадам буд. Аз замони амирӣ ва дарсхониҳояш пеши муллои деҳа нақл мекард. Аз давраи омадани СССР бароямон нақл мекунад. Ҳамаи қиссаҳояш ҷолиб аст."

Тоҷигул Қурбонова дар соли 1932 пас аз чанд соли бефарзандӣ аввалин фарзанди худро ба дунё овардааст. Ӯ соҳиби 8 фарзанд будааст, ки ҳоло 4 нафари онҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд. Ҳангоми таҷлил аз Рӯзи модар ва табрику тӯҳфасупориҳо ба занони кӯҳансол аз ҷониби соҳибкорону мансабдорони маҳаллӣ номи ин зан дар рӯйхатҳо набуд.

Тоҷигул Қурбонова дар айёми ҷавонӣ

Тоҷигул Қурбонова дар айёми ҷавонӣ



Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG