Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Насриддин: "Пас аз нафақа кам суроғ мекунанд"


Муродбеки Насриддин, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
Муродбеки Насриддин, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

Сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод бо овозхони тоҷик Муродбеки Насриддин, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ: Устод Муродбек, ҳоло ки Шумо дар саҳнаи ҳунар ба як ҷойгоҳу мақоми муносибе даст ёфтед, ёд доред, ки суруди аввалинатонро кай хондед ва ба ҷониби ин қулла аз кадом вақт роҳ паймудед?

Муродбеки Насриддин: "Агар манзур аз суоли Шумо саҳнаи касбӣ бошад, аз соли 1976-ум. Вале ҳанӯз дар синфи 7-8-ум мехондам, ки ба сурудхонӣ шурӯъ кардам. Он замонҳо устодони ҳунар Ҷӯрабеки Мурод ва Зафар Нозим байни мардум обрӯи зиёд доштанд ва мо бачаҳои он солҳо дар пайравӣ ба онҳо мехондем. Мо устоде доштем бо исми Нурмуҳаммад. Он кас ҳам суруд мехонданд ва ҳам рубоб менавохтанд. Ҳар гоҳе аз мактаб ба хона меомадам, бо садои паст ва агар хона холӣ буд баландтар дар тақлиди ӯ замзама мекардаму суруд мехондам. Худамро месанҷидам, ки хонда метавонам ё не. Ниҳоят як рӯз назди роҳбари умумии дастаи мактаб шодравон Қосим Иноятов омада гуфтам, ки маро ба дастаи худфаъолиятӣ бипазирад. Гуфт, хеле хуб, туро бобоят ҳам ҳофизи номдор буданд. Вале гуфтанд, ки як суруд бихон, то ҳунаратро фаҳмем. Ҳамон вақт суруди устод Ҷӯрабек “Куҷоӣ, эй зи ҷон беҳтар шабат хуш бод, ман рафтам”-ро, ки хеле машҳур буд, хондам. Писандашон омаду гуфтанд, ки "бача овозат хуб будааст, чаро барвақттар чизе нагуфтӣ". Ҳамин тавр узви дастаи худфаъолиятии мактаб шудам. Аввалин бор ҳамин сурудро дар Иди соли нав дар мактаб дар назди устодону ҳаммактабиён бо оҳанг сароидам."

Радиои Озодӣ: Аммо чаро бо ин ҳама садои ҷаззобу дилкаш донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ шудеду ба Донишгоҳи ҳунарҳои зебо нарафтед?

Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Муродбеки Насриддин
Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Муродбеки Насриддин
Муродбеки Насриддин: "Аслан мехостам, шарқшинос шавам. Ба забону адабиёт шавқи зиёд доштам. Ба Душанбе омадам ва ба бахши форсии факултаи шарқшиносӣ ҳуҷҷатҳоямро супоридам. Аз забону адабиёт баҳои хуб, вале аз таърих баҳои қаноатбахш гирифтам. Аммо аз онки дарси забони хориҷиро дар мактаб камтар хонда будем, чун муаллими ин фан набуд, устоди имтиҳонгиранда гуфтанд, ки бо ин ду 4-у як 3-е, ки дорӣ ҳатто агар панҷ бигирӣ ҳам, дохил нахоҳӣ шуд. Зеро довталабҳо зиёданду ҷамъи умумии баҳои ман кам аст. Хулоса, устоди забони хориҷӣ пешниҳод дод, ки биравам ва тирамоҳ ба курси омодагӣ шомил шуда, дурусттар тайёр бишавам. Ман омадам, ки падарам ба таъмири манзил шурӯъ кардаасту дар хона усто кор мекунад. Падарам гуфт, ки беҳтараш ба ӯ кӯмак кунам. Маслиҳат дод, ки ҳуҷҷатҳоро ба шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи Хуҷанд бисупорам. Дар аввал маслиҳаташон маъқул нашуд, вале дидам, ки танҳоянду дар ҳақиқат дар сохтмони хона ёрӣ бояд кард, розӣ шудам. Ваъда карданд, ки агар бо машвараташон амал намоям, як тори хуб тӯҳфа мекунанд. Ба ваъда вафо карданд. Пул доданд, омада аз Душанбе як тори бисёр зебо ва хушсадоро харидорӣ кардам. Ҳамин тавр дигар ёди факултаи шарқшиносиву санъат накардам. Вале ҳоло пушаймонам, ки чаро Донишгоҳи санъатро нахондам."

Радиои Озодӣ: Бо он ки бобоятон ҳам сароянда будааст, мешавад гуфт, ки ин ҳунар ба шумо меросӣ аст?

Муродбеки Насриддин: "Бале. Номи бобоям ҳам Муродбек будааст. Он кас сурудҳои классикӣ мехондаанд. Ҳамсолонашон ҳикоя мекарданд, ки бобоям бо дутор месароидааст. Бисёр сафарҳо мекардааст ба шаҳрҳои Самарқанду Бухорову Намангону Қӯқанд ва дар он ҷойҳо ҳам ӯро гӯш мекардаанд."

Радиои Озодӣ: Аз сурудҳое, ки мехонед, худатон роҳат мекунед, лаззат мебаред?

Муродбеки Насриддин: "Албатта, аввал санъаткор бояд худаш лаззат бубарад. То худаш лаззат набарад, онро ба каси дигар дода наметавонад. Сурудро бояд аз самими дил хонд. Суруд ба худатон маъқул шавад, баъд ба каси дигар мақбул мешавад."

Радиои Озодӣ: Дуруст аст, ки ҳар як суруди сароянда ва овозхон таърихчае дорад. Мешавад дар бораи таърихи пайдоиш ва эҷоди баъзе аз сурудаҳоятон, масалан, шеъри "Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир, Ҳар лаҳза қимат аст, аз ман хабар бигир"-ро бигӯед?

Гулрухсор Сафиева
Гулрухсор Сафиева
Муродбеки Насриддин: "Оҳанги ин суруд яке аз аввалин оҳангҳои ман ба ҳисоб меравад. Шеъри шоираи ширинкалом Гулрухсор Сафиева аст. Соли 1975, вақте ки ман ҳанӯз донишҷӯ будам, аз ҳамон замон мехостам дар санъат роҳи худро дошта бошам. Он давра як чанд оҳанг ҳам эҷод карда будам. Яке аз онҳо ҳамин оҳанг бар шеъри Гулрухсор “Дунё ғанимат аст” буд. Он вақт дар Филармонияи давлатӣ кор мекардам. Соли 1979, вақте хостам онро дар радио сабт намоям, иҷозат надоданд. Гуфтанд, ки ин суруди пессемистӣ аст ва бо идеологияи замон дуруст намеояд. Маслиҳат доданд, ки барои ин оҳанг суруди дигарро интихоб кунам. Он вақти мисли ҳозира набуд, ки ҳар чизеро бихоҳед битавонед сабт кунед. Назорат сахт буд. Медиданд, ки оё ин ё он суруд ба сиёсати он замона рост меояд ё на. Гуфтанд, ки суруд хуб, оҳанг хуб, аммо ҳамон ибораи “Дунё ғанимат аст” мақбулашон нашуд. Назди Гулрухсор рафтаму гуфтам, ки муаллима суруди Шуморо иҷозат надоданд, сабт кунам. Гуфтанд, ки агар иҷозати сабт надода бошанд, дигар гапи ман ҳам намегузарад. Баъд назди устод Лоиқ рафтаму пурсидам, ки оё суруде ба ҳамин оҳанг доред? Пурсиданд, ки барои чӣ? Гуфтам ба ман ин сурудро иҷозати сабт кардан надоданд. Устод зиқ шуданд ва як суруди шеъри ҳанӯз чопнашудаи худро доданд: “Ҳар гаҳ, ки бо туям рӯҳам пур аз сафост”. Аммо суруди “Дунё ғанимат аст”-ро бошад, баъди 25 сол дар замони истиқлол барои радио сабт кардам."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки суруди “Ин кист ин, ин кист ширину зебо омада”-и Шумо дар Эрон хеле машҳур аст. Ин воқеият дорад?

Муродбеки Нарсиддин: "Соли 1998 ё 99 буд, дақиқ дар ёдам нест, ба Эрон сафар доштем дар Даҳаи Фаҷр. Ин шеър аз Мавлавӣ аст. Он ҷо чанд рӯз ҳам зиёрат кардему ҳам сайру тамошо. Вале пас аз баргаштан як рафиқам, ки он кас ҳам мутрибанд Сангинмурод Қурбонов гуфтанд, ки акои Муродбек ман сабти суруди Шуморо аз Эрон овардам. Гуфтам кадом сабт? Гуфтанд, ки сабти суруди “Ин кист”-ро овардам. Сипас нақл карданд, ки вақте онҳо дар меҳмонхона нишаста буданд, тариқи телевизион ҳамин суруд садо дод ва ӯ ҳамон лаҳза онро сабт кардааст. Гуфт, ки ин суруд дар ҳошияи лаҳзаҳои бозгашти Хумайнӣ аз Фаронса пахш мешавад. Яъне, бо ҳамин суруд як клипп омода шудааст."

Радиои Озодӣ: Чанде пеш Шумо шастсола шудед. Аммо чаро ҳеҷ кадоме аз шабакаҳои телевизиониву радио бахшида ба ин рӯз намоише ё барномае омода накарданд, дар ҳоле ки Шумо ҳунарманди халқӣ ҳастед?

Муродбеки Насриддин: "Аслан худи ман ҳамин гуна тантанаҳоро хуш надорам. Худнамоишдиҳиро намеписандам. Аммо ҳадди ақал як нафар аз тарафи Вазорати фарҳанг аз тариқи рӯзнома ва ё маҷалла табрик мекард, хурсанд мешудам. Ман чанд сол мешавад, ки ба нафақа баромадаам. Фикр мекунам, ҳунарманд вақте қадр мешавад, ки кор мекунад. Баъди нафақа касе ӯро суроғ ҳам намекунад."

Радиои Озодӣ: Бо чанде аз ҳунармандоне, ки сӯҳбат доштам аз он шиква мекарданд, ки консерти онҳо дар телевизиону радиоҳои давлатӣ роҳ намеёбад ва худи онҳо ҳам дар барномаҳои ин шабакаҳо нишон дода намешаванд. Мисле, ки Шуморо ҳам дигар фаромӯш кардаанд...

Муродбеки Насриддин: "Не, ман аз ин боб шикоят надорам. Он қадаре, ки аз тарафи радиову телевизион мешунавонанд ва нишон медиҳанд, барои ман кофист. Рӯзе нест, ки як ё ду суруди маро дар радиои "Фарҳанг" пахш накунанд. Дар телевизион ҳам маро ҳар моҳ як ё ду маротиба нишон медиҳанд. Аммо барои чӣ дигар ҳунармандонро нишон намедиҳанд, хабар надорам. Шояд суруди онҳо ҷавобгӯ набошад. Дар расонаҳои давлатӣ бошад, ба назари ман сурудҳо бояд аввал аз назорат гузаранд ва сипас садо диҳанд."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, чаро дар ҷашну тантанаҳои расмӣ, вақте меҳмонони хориҷӣ меоянд, танҳо чанд ҳунарманди муайян роҳ меёбанд, дар ҳоле ки худи раисиҷумҳур масалан суруд ва рақсро дӯст медорад?

Муродбеки Насриддин: "Дар саҳна бояд ҳамеша чеҳраи нав, суруди нав, оҳанги нав бошад. Назди меҳмонон бояд сурудҳои рақсӣ нишон дода шаванд. Акнун дар синну соли мо суруди рақсӣ хондан он қадар зебанда нест. Ман ҳозир бештар ба оҳангҳои ором рӯй овардаам."

Радиои Озодӣ: Масалан устод Давлатманд Хол, Парда Қосим ва Саидқул Билолов дар консертҳо иштирок мекунанд, аммо чаро Шумо ва устод Ҷӯрабеки Мурод ширкат намеварзед? Оё Шумо ҳам даъват мешавед дар консертҳои расмӣ?

Муродбеки Насриддин
Муродбеки Насриддин
Муродбеки Насриддин: "Ман шаш сол мешавад, ки дар нафақа ҳастам. Барои ба онҷо роҳ ёфтан чанд нафарро аз зумраи таблакнавозону раққосаҳо бояд ҳамроҳ дошта бошӣ. Давлатманд Хол роҳбари гурӯҳ аст. Ӯ бояд аз ансамбли “Фалак” ягон суруд пешниҳод кунад. Дар ансамбли “Фалак” бошад аз худи Давлатманд ҳунарманди болотаре нест. Агар аз як гурӯҳ як нафар рӯи саҳна ояд, пас аз ансамбли “Фалак” ҳатман худи Давлатманд хоҳад буд. Агар аз ансамбли “Дарё” талаб шавад, ки дар бораи ватану ватандорӣ суруде иҷро шавад, пас он нафар Саидқул Билолов аст. Бисёр оҳангҳои ҷолиб эҷод мекунад. Ман узви ягон ансамбл нестам ва шояд барои ҳамин бошад, ки даъват намешавам. Ба фикри ман, дар консертҳои давлатӣ бояд сурудҳои шӯху сурудҳои ватандӯстӣ ҷой ёбанд."

Радиои Озодӣ: Мардуми ҳунарманд хеле зиёд романтику орзупарвар аст. То имрӯз чӣ орзуҳоятон ҷомаи амал пӯшид ва боз чӣ орзуҳо доред?

Муродбеки Насриддин: "Ман як чизро ба Шумо гӯям, ки инсон ба орзуҳояш норасида аз ҷаҳон мегузаштааст. Мепурсед, чаро? Чунки орзуи инсон таг надорад, тамом намешавад. Лекин ба ҳар навъ ман худамро яке аз инсонҳои ба орзуяш расида ҳисоб мекунам. Чаро? Вақте дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, орзуи ягонаи ман ин буд, ки сулҳи мардуми тоҷикро, оштии тоҷикҳоро бубинам. Боз як бори дигар бубинам, ки тоҷик сари як миз нишинаду бо ҳам сӯҳбат кунад. Боз як тоҷик тӯй кунаду як ҳофиз суруд хонад, овози карнай, овози дафу доира, овози ёр-ёру овози шаҳ мубораку овози арӯсфуроронро бишнавам. Садои мусиқӣ барояд. Дар ҳақиқат, чунин орзу доштам ва чунин рӯзро сахт пазмон шуда будам. Ман ба ин орзуям, ки на танҳо орзуи ман, балки орзуи тамоми тоҷикистониҳо буд, расидам."
XS
SM
MD
LG