Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақоми қирғиз: Номуайянии марзҳо боиси низоъ шудааст


Марзи Қирғизистон ва Узбакистон дар вилояти Ботканд (акс аз бойгонӣ)

Марзи Қирғизистон ва Узбакистон дар вилояти Ботканд (акс аз бойгонӣ)

Мақомоти Қирғизистон сар задани низоъҳои марзӣ дар сарҳадоти ғарбии худро аз эҳтимол дур надонистаанд.

Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия ба нақли қавл аз муовини вазири умури дохилии Қирғизистон навиштааст, соли 2011 дар марзҳои ғарбии ин кишвар дар маҷмӯъ 53 низои марзӣ сар задааст, ки 14 мавриди он бо Тоҷикистон ва 39 мавриди дигар бо Узбакистон будааст.

Боқит Олимбеков, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон дар нишасти Кумитаи дифоъ ва амнияти ин кишвар гуфтааст, умдатан ин низоъҳо ҷанбаи маҳаллӣ дошта, дар ҳолатҳое ба худ ҷанбаи қавмӣ гирифтаанд.

Ин мақоми қирғиз иллати аслии сар задани ин танишҳоро аломатгузорӣ нашудани марзи ин кишвар бо Тоҷикистону Узбакистон номидааст. Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳудуди 1 ҳазор километр ва бо Узбакистон 1 ҳазору 375 километр марзи муштарак дорад.

Ин изҳороти мақомоти Қирғизистон дар ҳолест, ки имрӯз, 28-уми феврал, дар шаҳри Душанбе нишасти минтақавии намояндагони ниҳодҳои марзбонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ оғоз мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои марзбонии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Хадамоти ҳамоҳансози Шӯрои фармондеҳии марзии ИДМ, СПАД (ОДКБ) ва Шӯрои иҷроияи ИДМ ширкат мекунанд.

Масъалаи мавриди баҳси ин нишаст, андешидани чораҳои иловагӣ барои тақвияти марзҳои берунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Интизор меравад, дар ин нишаст як қатор санадҳо барои тақвияти ҳамкориҳо, аз ҷумла табодули маълумот дар бораи марзшикании байнидавлатӣ ба имзо бирасад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG