Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи якшанбе ҳазорон нафар дар ҳалқаи Садовое дар Маскав дастбадаст як занҷири зиндаро ба вуҷуд оварданд.

Ин занҷири эътирозӣ алайҳи азми сарвазири Русия Владимир Путин буд, ки мехоҳад дар интихоботи рӯзи 4-уми март ба давраи севуми раёсат даст биёбад.

Бо вуҷуди рехтани барф, рӯзи 26-уми феврал ҳазорон нафар дар 16 километр тӯли ҳалқаи Садовое дастбадаст шуданд ва ронандагони зиёде ба нишони ҳамраъйӣ аз мошинҳои худ ба ин “занҷири зинда” сигнал медоданд. Хабарнигори Озодӣ дар Маскав Том Балмфорф мегӯяд, фазои Садовое “идона” буд ва ҳузури маъмурони пулис низ хеле кам. Ӯ мегӯяд, мардум бо талаби интихоботи озод шиор мезаданд, вале ба далели надоштани иҷозати расмӣ барои раҳпаймоӣ натавонистанд шиору овезае баланд кунанд.

Ба ҳисоби пулис, дар ин эътироз ҳудуди 11 000 нафар ширкат варзидааст. Аммо мухолифин шумори ширкаткунандагони “ҳалқаи зинда” дар Садовоеро 34 000 нафар баршумурда, гуфтаанд, барои такмили ин занҷири мардуми дастбадаст дар даври Садовое маҳз чунин шумори мардум лозим буд.

Раҳбари мухолифин Борис Немтсов ба Ройтерс гуфт: “Мақомот аз мардуми осоиштаи боғурур метарсад. Мақомот аз онҳое метарсад, ки фурӯхта намешаванд. Мо ҳар қадар бисёртар бошем, ҳамон қадар зудтар аз ин дуздону қаллобон халос хоҳем шуд.”
Бино ба хабарҳо, ҳудуди 3 000 нафар дар Санкт-Петербург низ таҳти шиори “Русия бидуни Путин” раҳпаймоӣ кардаанд. Чунин эътирозҳо рӯзи 26-уми феврал дар Томску Кемерово низ доир шудаанд.

Тарафдорони Путин дар майдони марказии Маскав маъракаеро таҳти номи “Путин ҳар кадоми Шуморо дӯст медорад” барпо карданд. Ба фарқ аз эътирозгарони ҳалқаи Садовое, ки лентаҳои сафед доштанд, тарафдорони Путин лентаҳои иборат аз се ранги сурху сафеду кабуди парчами Русияро ба сари сина зада буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG