Пайвандҳои дастрасӣ

Кумиссиюни экологии Маҷлиси Намояндагон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет торнамои худро фаъол хоҳад кард.

Аъзои ин кумиссиюн ҳадаф аз роҳандозии ин иқдомро ҳимояи манфиатҳои зистмуҳитии Тоҷикистон ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои иттилоотӣ, ба вижа "ҳангомаҳо"-е, ки дар атрофи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба вуҷуд омадааст, арзёбӣ карданд.

Ибтикори порлумони Тоҷикистон дар ин замина дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар масоили баҳсбарангези экологӣ бо кишвари ҳамсоя - Узбакистон дар минбарҳои ҷаҳонӣ "бозӣ"-ро бохтааст.

Галия Рабиева

Галия Рабиева

Аммо Галия Рабиева, узви Кумиссиюн экологии порлумони Тоҷикистон гуфт, мавзӯи экологӣ танҳо мушкили Тоҷикистон нест ва ҳоло ҷаҳон дар рӯ ба рӯи ин мушкил қарор дорад. Ба ин далел, хонум Рабиева таваҷҷӯҳи ҷомеа ва коршиносону таҳлилгаронро ба масоили экологӣ як амри зарурӣ хонд ва гуфт, ки торнамои нави экологӣ ҳама масоили марбут ба масъалаи зистмуҳитӣ, аз ҷумла вокуниш ба нигарониҳои ҷониби Узбакистон дар заминаи паёмадҳои экологии нерӯгоҳи "Роғун" ва корхонаи "Талко"-ро фаро хоҳад гирифт: "Ин масъалаҳо ҳам ҳатман, ки инъикос меёбанд, азбаски дар расонаҳо ҳамеша масъалаҳои экологӣ матраҳ мешаванд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде қабл, Кристофер Буве, масъули барномаи ҳифзи муҳити зист ё ЮНЕП-и Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, бо он ки Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон омили рушди иқтисоди ин кишвар аст, аммо дар айни ҳол манбаи хатари ҷиддии зистмуҳитӣ барои кишварҳои минтақа, аз ҷумла Узбакистон мебошад.

Тошканд низ борҳо аз паёмадҳои экологии сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ва фаъолияти ширкати "Талко" изҳори нигаронӣ кардааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон иддаои ҷониби Узбакистонро беасос мешуморанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки "Талко" мегӯяд, танҳо дар соли гузашта барои коҳиши олудагии муҳити атроф ва таҷдиди системаи фаннии коҳиши партобҳо ҳудуди 30 миллион сомонӣ харҷ карда ва дар соли равон низ ҳамин миқдор маблағро ба мақсади ҷилавгирӣ аз олудасозии муҳит ихтисос медиҳад.

Тоҷикистон ва Узбакистон дар барраси мавзӯҳои экологӣ иртиботе байни худ надоранд. Танҳо барномаҳои созмонҳои байналмилалӣ аст, ки дар минтақа ҷиҳати пешгирии олудашавии муҳити зист роҳандозӣ шудаанд.

Рустам Латифов

Рустам Латифов

Коршиносони СММ гуфта буданд, ки як сабаби хушкшавии дарёчаи Арал, ин истифодаи оби Омударё ба мақсади обёрии заминҳои нав аст. Ин коршиносон мӯътақиданд, ки ҳамкории минтақаӣ дар заминаи истифода аз оби Омударё метавонад омили муҳиме барои дастёбӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини амният дар ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ бошад.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки кишварҳои минтақаро ҳеҷ гоҳ зери мушкил нахоҳад гузошт.

Дар зимн, кумиссиюни экологӣ, аз ниҳодҳои наве дар сохтори Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумон аст, ки дар ҳайати нави он таъсис шудааст. Қаблан порлумон чунин кумиссиюне надошт.

Ҳамакнун раёсати ин кумиссиюнро вакил Рустам Латифов, бар дӯш дошта ва бархе дигар аз вакилони порлумон, намояндагои созмонҳои иҷтимоӣ ва мутахассисони соҳаи экологии Тоҷикистон узви ин ниҳоди порлумонӣ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG