Пайвандҳои дастрасӣ

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, рӯзи 23 феврал бар асари рехтани тарма дар дараи Ромит дастикам 4 сокини рустоӣ ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, сокинони рустоҳои атроф дар маҳалли тарма аҷсоди кушташудагонро ҷустуҷӯ доранд, вале то ин соат ҷасади танҳо як нафарро пайдо кардаанд.

Аммо мақомоти Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон аз ҳалокати афрод дар Ромит изҳори бехабарӣ мекунанд ва мегӯянд, то кунун танҳо нафаре, ки дар тармаҳои охир ҷон бохтааст, як ронандаи КАМАЗ аст, ки дар тармаи Майхӯра дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ҳалок шуд. Наргис Нурова, сухангӯи Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО гуфт:




Наргис Нурова, сухангӯи Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон мегӯяд, шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд дубора барои ҳаракати нақлиёт боз шудааст ва амалиёти ба маконҳои амн кӯчондани афроди дармонда дар тармаи Майхӯра низ ғолибан то поёни рӯзи ҷумъа анҷом хоҳад ёфт.

Аммо хонум Нурова мегӯяд, ин ниҳод пиромуни эҳтимоли тармафароиҳои ҷадид дар рӯзҳои наздик то ҳол ҳушдоре нагирифтааст.

Ин дар ҳолест ки Ҷамила Байдуллоева, раиси маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосие бо РО гуфт, дар рӯзҳои боқимонда то поёни моҳи феврал ҳарорати ҳаво гармтар шуда, боридани боронҳо низ дар назар аст, ки ин хатари фаромадани тарма? бахусус дар ҷодаҳои кӯҳистонии Тоҷикистонро меафзояд.

Хонум Байдуллоева мегӯяд, ки онҳо мақомоти дахлдорро аз эҳтимоли фаромадани тарма дар чанд ҷода алакай хабардор кардаанд.


XS
SM
MD
LG