Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари истеъмоли ғизои заҳролуд шаби гузашта панҷ нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоб ҳалок гардиданд.

Танҳо як иштибоҳи ба назар кӯчаки соҳибхоназане дар Кӯлоб боиси ҳалокати ин панҷ нафар ва заҳролуд шудани 18 нафар гардид. Ин соҳибхоназан барои занҳое, ки ба ҷанозаи ҳаммаҳалашон омада буданд, хӯрок омода мекунад ва ба ҷои намак, иштибоҳан хокаи заҳрогинеро истифода мебарад.

Сафаралӣ Раҷабмадов, сардори Шӯъбаи тандурустии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, миқдори ками ин хокаро дар садҳо кило гӯшт барои омода намудани ҳасиб истифода мебаранд ва ҳасибро аз вайроншавӣ нигаҳ медорад, вале истеъмоли як грамми он барои инсон заҳри кушанда аст.

Оқои Раҷабадов мегӯяд, «онҳое, ки аз атолаи омода намуда зиёд истеъмол намуда буданд, узвҳои хунгардашон зиён дида, фавтиданд. Мутаасифона барои наҷот додани онҳо аз марг дер шуда буд. Дигаронро бошад, ки ҳоло заҳр сахт таъсир накарда буд, наҷот додем. Шаб то рӯз духтурон заҳмат кашиданд ва ҳоло ҳолаташон хуб аст.»

Дар ҳамин ҳол, Гулдаста Назарова, наздики яке аз заҳролудшудагон мегӯяд, пас аз истеъмоли хӯрок ногаҳон занҳо аз пой фитоданд: «Бегоҳ буд, як зани ҳамсоя аввал аз пой ғалтид. Хушдомани ман хостааст, ки пеши ӯ равад, ки худаш аз пой афтидааст. Ҳама ҳайрон шуданд. Тез ёрии таъҷили даъват карданд. Хушдоманам каме беҳтар шуд, вале ба ҳамин ҷо расидан замон фавтид.»

Саид Аламов, сардухтури Идораи вогиршиносӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ин ҳодиса нишон дод, ки аксари занҳои тоҷик ҳангоми омода намудани хӯрок бепарвоёна рафтор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, аксари бемориҳои рӯдаву меъда низ аз чунин бепарвоии соҳибхоназанҳо ба вуҷуд меояд, ки меъёрҳои санитарии хӯрокпазиро иҷро намекунанд.

Ӯ мегӯяд, ин ҳодисаи фоҷеаомез бояд ба ҳар як зани тоҷик намунаи ибрат бошад: «Бубинед, ки беаҳамиятии як нафар ба чӣ оварда расонд. Дар мардуми мо мегӯянд, ки кори Худо буд. Дуруст аст, аммо эҳтиёт ҳам даркор аст. Бояд занҳо ҳангоми омода кардани хӯрок эҳтиёт кунанд ва ҳам ҳаёти худу дигаронро аз хатар эмин нигаҳ доранд.»

Ҳамаи заҳролудшудагон зан буда, бештарашон барои иштирок дар маросими ҷанозаи наздикашон аз дигар навоҳӣ ба Кӯлоб омада будаанд. Истеъмоли ғизои заҳрогин ва зиёни он ба занҳо дар ҳоле ба амал омдааст, ки мардҳо барои гӯру чӯби нафари фавтида ба гӯристон рафта будаанд.



Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG