Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Асомуддин Атоев ба саволҳои хонандагон


Асомуддин Атоев
Асомуддин Атоев

Асомуддин Атоев, мудири Академияи шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба пурсишҳои хонандагони торнамои “Озодӣ” посух гуфт.

Ин суолу ҷавоб бештар мавзӯъҳои марбут ба Интернет, нархи истифода аз он, торномаҳои тоҷикӣ, ҳукумати электронӣ, блогҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва баставу
дубора боз шудани Фейсбукро фаро гирифтаанд.

Асомуддин Атоев магистри илми компютерӣ ва магистри илм оид ба ТИК ё Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушд буда, дар ин бахш аз соли 1993 ба ин сӯ фаъолият дорад.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Манчестер (Бритониё) ва коршиноси байналмилалӣ оид ба технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ барои рушд мебошад. Ҷаноби Атоев бовар дорад, ки татбиқи оқилонаи ТИК ба кишварҳое назири Тоҷикистон имконияти нодиреро барои дарёфти мавқеи худ дар бозори ҷаҳонӣ фароҳам меоварад.

Асомуддин Атоев рӯзи 13-уми декабри соли 1968 таваллуд шуда, соли 1994 Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси “математик” хатм намудааст. Унвони магистри илми компютериро дар соли 1999 дар Донишгоҳи Салфорди Бритониё соҳиб гаштааст.
XS
SM
MD
LG