Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Орзу дорам қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шавам”


Алишер Гулов, варзишгари тоҷик
Алишер Гулов, варзишгари тоҷик

Варзишгарони тоҷик Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таеквон-до WTF ширкат хоҳанд кард.

Ҳарду варзишгари тоҷик дар мусобиқаи интихобии қораи Осиё дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 шудаанд.

Алишер дар рақобатҳо дар вазни беш аз 80 килограмм мақоми дувум ва Фарҳод дар вазни то 80 килограмм мақоми севумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ мушарраф гаштаанд.

Алишер Гулов меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и радиои Озодӣ буд. Шореҳи варзиши РО Нарзуллоҳи Латиф бо ӯ сӯҳбате орост, ки ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00
Линки мустақим


Шарҳи ҳоли Алишер Гулов: 24-уми августи соли 1989 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ҳоло донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон мебошад. Алишер узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст ва аз соли 2009-ум таҳти роҳбарии мутахассиси хориҷӣ Ҷон Ҷонг Ху тамрин мекунад. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (Алматӣ, 2010), ғолиби мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Узбакистон (Тошканд, 2008), соҳиби медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ (Тошканд, 2006), барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Фаҷр” (Теҳрон, 2009), соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 ва нишони нуқраи мусобиқаи интихобии қораи Осиё (Тайланд, 2011), қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG