Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ректор Раҳмонов се рӯз ба донишҷӯён нони бепул дод


Донишҷӯён аз саховати ректор хушҳоланд.

Донишҷӯён аз саховати ректор хушҳоланд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори нави Донишгоҳи омӯзгорӣ барои се рӯз устодон ва донишҷӯёни ин донишгоҳро бо нони ройгон таъмин кардааст.

Ҳоло ин иқдом бо шеваи дигар, яъне пойин бурдани нархи як дона нон аз як сомонӣ ба 70 дирам идома дорад ва ҳафтаи дуввум аст, ки нонвойхонаи ин донишгоҳ нони танӯриро бо нархи поинтар аз бозор мефурӯшад.

Дар Донишгоҳи омӯзгори, ҳудуди 7 000 донишҷӯ машғули дарс хондан мебошанд.

Вақте мо ба Донишгоҳ омадем, теъдоди муштариёни нон дар назди тирезаи нонвой зиёд буд. Оят Шоев, устоди Донишгоҳи мазкур, ки нон мехарид, гуфт: «Хуб аст дар ин шароит, донишҷӯён барои ғизо роҳи дур намераванд. Нони гарм аст.»

Ҳамагӣ як моҳ пеш Абдуҷабор Раҳмонов аз раҳбарии Вазорати маорифи Тоҷикистон барканор ва ректори Донишгоҳи омӯзгориро таъйин шуд.

Бисёриҳо бим доштанд, ки акнун иқдомҳои Раҳмонов аз қабили назорати шадиди сару либос ва эҳтимолан табдили кадрҳо дар миқёси ин донишгоҳ амалӣ хоҳад шуд. Аммо ректори нав дар пайи беҳбуди ҳаёти донишҷӯён, аз ҷумла таъмири утоқҳои таълимӣ, боло бурдани идрорпулии аспирантон ва беҳбуд ба корҳои илмии онҳо шудааст.

Насиба ва Ҷамила, донишҷӯён ин донишгоҳ мегӯянд, ки 6-уми феврал барои харид кардани нон рафтанд, вале ба онҳо нони танӯриро ройгон доданд. "Ҳайрон шудам ва баъдан сабаб пурсидам, гуфтанд, ки бо амри ректор се рӯз шуморо ройгон нон медиҳем. Хайр кардан ба донишҷӯён дар шароити кунунӣ ҷон додан ба онҳост", меафзоянд онҳо.

Наргис, яке аз дигар донишҷӯён мегӯяд, ки то ба имрӯз, ғизои онҳо ба ҳангоми дарс пирожний ё худ кулчақанд буд, ки ба як сомонӣ се адад харид мекарданд. Ҳоло акнун ғизои онҳо нони гарм шудааст.

Ҳамакнун Донишгоҳи омӯзгорӣ мехоҳад, ки нонвойхона ва ошхонаҳои атрофи донишгоҳро тобеи худ кунад ва бо нархи дастрас ба донишҷӯён хидмат расонад.

Насриддин Абдуллоев, як нонвойи донишгоҳ мегӯяд, ки дар як рӯз ду халта ордро нон мепазанд. Ба гуфтаи вай, се рӯзе ки нон ройгон буд, чаҳор халтаи ордро нон мепухтанд ва дар маҷмӯъ 12 халта ордро нон карданд: «Рӯзи аввал ба се-чор донишҷӯ 30-дирамӣ фурӯхтем, аммо ректор омад, гуфт, ки ба донишҷӯён ҳам ройгон диҳед. Албатта, аз тарафи худи ректор хароҷоти он пӯшонида мешавад.»

Донишҷӯён мегӯянд, дар ин рӯзҳои сард агар ректор дар амри гарм кардани синфхонаҳо тадобиреро рӯи даст мегирифт, нуран ало нур мешуд.

Ҳамин гуна иқдоми хайрия дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ низ пиёда мешавад. Чанд сол инҷониб Шодӣ Сафаров, ректори донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дар як ҳафта як дафъа ба донишҷӯён аз ҳисоби хеш оши хайр медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG