Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯст"-у "душман"-и Рӯзи ошиқон


Гурӯҳе аз сокинони Тоҷикистон "Рӯзи Валентин" ё "Рӯзи ошиқон"-ро бо баргузории консерт таҷлил мекунанд.

Имрӯз, 14-уми феврал, гузаргоҳи зеризаминии назди Фурӯшгоҳи марказии Душанбе, ки макони гулфурӯшҳост, беш аз ҳар вақти дигар серодам аст.

Ба қавли тоҷирон, фоидае, ки аз фурӯши гул ва тӯҳфаҳо дар рӯзи 14-уми феврал ба даст меояд, дар муқоиса ба рӯзи 8-уми март бештар мебошад. Онҳо мегӯянд, "Рӯзи Валентини муқаддас" ё "рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон сол то сол тарафдорони зиёдтар пайдо мекунад.

"Рӯзи ошиқон" ба зиндагиии ҷавонони Тоҷикистон ҳамагӣ чанд сол пеш ворид шудааст. Агар 10 сол пеш иди ошиқонро танҳо "ҷавонони шаҳрӣ" ҷашн мегирифтанд, ҳоло донишҷӯёну хонаводаҳои ҷавон низ ба сафи онҳо ҳамроҳ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҷавонон ин идро қабул надоранд, аммо коршиносон мегӯянд, ҳаёти ҷавонон ба чунин як иди махсуси ҳиссиёти онҳо эҳтиёҷ дорад. Дар расонаҳои ахбори ом баҳсҳое ба миён омада буд, ки расми тӯҳфа ба дилдодагон як ҷузъи иди Наврӯз бошад, аммо ин ақида ҳам баён мегашт, ки дар кишвар Рӯзи Лайлӣ ва Маҷнун таъсис ёбад.

Дар сартосари дунё рӯзи "Валентин" бо харҷи зиёд таҷлил мешавад. Масалан, имсол дар Амрико харҷи умумии аҳолӣ дар ин ид бештар аз 17 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Маъшуқон дар он ҷо ба якдигар бештар тӯҳфаҳои гаронарзиш тақдим мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ҷавонон рӯзи ошиқонро бо арзиши на камтар аз 15 доллар ҷашн мегиранд. Яъне, бо як даста гули садбарг, корти табрикӣ ва тӯҳфаи хотирмон. Ҷавонони доро ҳамроҳи маъшуқаи худ ба тафреҳгоҳҳо мераванд.



Ҷонибдорону мухолифони "Рӯзи Валентин"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00
Линки мустақим


Аммо дар Тоҷикистон мухолифони ҷашни рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон низ кам нестанд. Афроди мазҳабӣ мегӯянд, аксар сокинони Тоҷикистон аз таърихи ин ид хабар надоранд. Ба қавли онҳо, агар ҷавонони тоҷик аз хусусияти динӣ доштани рӯзи ошиқон огоҳ шаванд, аз ҷашнгирии он даст хоҳанд кашид. Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайванд дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд. Рӯзи қатли ӯ -- 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

Баҳси таҷлил аз рӯзи ошиқон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнамоҳои мухталифи тоҷикӣ ҳам баҳсҳоеро ба по кардааст. Аз ҷумла, торнамои "Ислом ҳауз" навиштааст, "марди мусулмон бояд зани худро на фақат дар як рӯзи муайян дӯст дорад, масалан, 14-уми феврал, балки ҳар нафасу ҳар лаҳзаву ҳар рӯзи сол. Яъне муҳаббати зану шавҳар дар дини мубини Ислом дар як рӯзи муайян нест."

Бо ин ҳол, ҳар сол рӯзи 14-уми феврал, яъне рӯзи ошиқонро гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик интизор мешаванд. Рӯзе, ки маъшуқ бо як даста гули садбард муҳаббати худро ба дӯстдоштааш изҳор мекунад: "Туро дӯст медорам..."
XS
SM
MD
LG