Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии шатранҷбози ҷавони тоҷик дар Шарҷа


Илҳом Икромзода, шатранҷбози ҷавони тоҷик

Икром Илҳомзода, шатранҷбози ҷавони тоҷик, барандаи мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Аморати Муттаҳидаи Араб гардид.

Икром Илҳомзода, шатранҷбози ҷавони тоҷик, барандаи мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Аморати Муттаҳидаи Араб гардид.

Ин мусобиқа дар шаҳри Шарҷа бо ширкати 64 варзишгар аз 11 кишвар баргузор шуд. Икром Илҳомзода, ҷоизадори сабқати қораи Осиё миёни ҷавонон, дар 6 бозӣ 7,5 имтиёз ба даст овард ва мақоми аввалро касб кард.

Ӯ бар рақибонаш Амуди Султон ва Салами Юсуф (ҳарду аз Аморати Муттаҳидаи Араб), Адарш Саҷӣ (Ҳиндустон), Роберт Ареляно ва Рабалан Рокки (ҳарду - Филиппин) ва Қадими Мусаллам (Сурия) ғолиб омад ва се бозиашро бо шатранҷбозони Филиппин – Молина Антонио ва Валерио Аксел, инчунин, Абуд Зубайри судонӣ бо натоиҷи мусовӣ анҷом дод.

Ба иттилои Рашид Ҳусейнов, мураббии Икром Илҳомзода, шатранҷбози ҷавони тоҷик, ки феълан дар шаҳри Дубай таҳсил мекунад, барои аввалин бор дар мусобиқаи байналмилалӣ пирӯзӣ ба даст овардааст.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG