Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди тарҳи наҷоти Юнон ба порлумон


Юнон бо умеди даст ёфтан ба кӯмаки 130-миллиардевроии Иттиҳодияи Аврупо барномаи нави коҳиши масрафотро ба порлумон ироа кард.

Давлати Юнон бо умеди даст ёфтан ба кӯмаки 130-миллиардевроии Иттиҳодияи Аврупо барномаи нави коҳиши масрафотро ба порлумон ироа кард.

Дар ғайри сурати чунин кӯмак, Афина наметавонад рӯзи 20-уми моҳи март тақрибан 14,5 миллиард евро қарзҳои қаблан гирифтаашро баргардонад.

Кобинаи вазирон ин тарҳро шоми ҷумъа дар як ҷаласаи изтирорӣ тасвиб кард, вале қабл аз он ки ба иҷро бидарояд, бояд рӯзи якшанбе дар маърази раъйгирии порлумон қарор бигирад. Ҳамкорони Юнон дар минтақаи евро босароҳат ба Афина гуфтаанд, барои даст ёфтан ба кӯмаки ҷадид, ки аз моҳи октябри соли гузашта ба ин сӯ баҳсаш идома дорад, бояд ба коҳиши харҷҳои худ иқдом кунад.

Юнон ба коҳиши чанд миллиард доллар масрафоти буҷа ва ихтисори то 15 000 корманди идораҳои давлатӣ розӣ шуд, вале Иттиҳодияи Аврупо аз ин кишвар хостааст, то ба сарфаи боз 325 миллион евро иқдом карда, раҳбарони аҳзоби умдааш тааҳҳуди рӯшан бисупоранд, ки ин ислоҳот иҷро хоҳад шуд. Сарвазири Юнон Лукас Пападемос дар нишасти изтирории кобинааш ба вазирон гуфт, ин тадобир ба хотири ҷилавгирӣ аз фурӯ рафтани кишвар ба вартаи расвоии молӣ муҳим аст, чунки чунин варшикастагӣ метавонад барои Юнон бо баҳои узвият дар минтақаи евро тамом шуда, кишварро ба домани “ҳарҷумарҷи иқтисодӣ ва таркишҳои иҷтимоӣ” тела диҳад.

Ин нишасти кобина баъди он даъват шуд, ки 6 тан аз вазирону муовинони вазирон ба маҳзи ин барномаи нави коҳиши масрафот, ки ихтисори ҳазорон ва ҳам пойин бурдани маоши ҳадди ақалро дар назар дорад, аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Ба иҷрои ин барномаи номаҳбуб иқдом кардани давлат алакай мунҷар ба эътирозҳои густарда дар Юнон шудааст. Юнон дар ин ҳафта шоҳиди ду корпартоии саросарӣ шуд. Рӯзи ҷумъа эътирози иттифоқҳои касаба алайҳи ихтисори 15 ҳазор коргар ва коҳиши маоши ҳадди ақал ба даргириҳо бо нерӯҳои пулис печид. Ҷавонон дар майдони Синтагмаи Афина болои маъмурони пулис санг меандохтанд. Пулис дар посух алайҳи издиҳоми башӯромада аз гази ашковар истифода бурд. Пулис мегӯяд, дастикам 10 нафар, аз ҷумла 8 афсари пулис, ҷароҳат бардошта, 6 тан аз эътирозгарон боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG