Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, «Сити Бонк»-и Амрико дар садади бастани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тоҷикӣ аст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонк гуфт, бар асоси иттилооти ахире, ки ба бонк дастрас шудааст, «Сити Бонк» -и Амрико ба хотири пеш омадани мушкилоти молиявӣ маҷбур шудааст, даст ба бархе иқдомот занад: «Дар ҳоли ҳозир вазъи молии бонки номбурда чанд хуб нест, аз ин хотир, як қисми суратҳисобҳои муросилотӣ (корсчет) - и бонкҳоеро, ки ҳисоббаробаркунии бонкиашон чандон бузург нест, баста истодаанд. Ин на фақат нисбати ҳисобҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистон, балки дигар кишварҳо ҳам амал мекунад. Дар он ҷойҳо ҳам бастани ҳамин гуна суратҳисобҳо ба назар мерасад.»

Тибқи иттилои расмӣ, ҳамаи бонкҳои Тоҷикистон аз муштариёни «Сити Бонк»-и Амрико ба ҳисоб мераванд ва амалиёти интиқоли маблағҳо ба кишварҳои ҳамкори тиҷоратии Тоҷикистон, ба шумули Русия, Туркия, Чинро, ки танҳо тариқи доллари амрикоӣ сурат мегирад, тавассути ин бонк роҳандозӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар бонкҳои Тоҷикистон дар тамос бо радиои Озодӣ аз баста шудани ҳисобҳои муросилотии худ дар «Сити Бонк» изҳори бехабарӣ карданд.

Улуғбек Акрамов, сарвари Департаменти амалиётии «Агроинвестбонк», аз мизоҷони «Сити Бонк» дар Тоҷикистон мегӯяд, то ба ҳол санаде дар мавриди бастани суратҳисоби муросилотии бонк дастрас нашудааст ва ҳамкориҳо бо бонки амрикоӣ бидуни мушкил идома доранд: «Ҳоло мо тақрибан бо 25 бонки хориҷӣ ҳамкорӣ дорем. То ба ҳол бо ягон бонк ягон муаммо, нофаҳмӣ ба миён наомада ё ягон шарту шароити номақбул пеш гузошта нашудааст.»

Ҳамчунин масъулини «Ориёнбонк», бузургтарин ҳамкори «Сити Бонк» дар Тоҷикистон низ гуфтанд, ки то ба ҳол мушкиле дар ҳамкорӣ бо бонки амрикоӣ пеш наомадааст.

Манобеъи ғайрирасмӣ, баста шудани суратҳисобҳои муросилотии бонкии Тоҷикистонро ба таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон вобаста кардаанд. «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк» ва «Амонатбонк» аз ҳамкорони бонкҳои Эрон номбар мешаванд. Аммо як манбаъ дар бонкҳои Тоҷикистон дар такзиби ин сарусадоҳо гуфт, ҳисобу китоби тиҷоратии кишвар бо Эрон аслан тариқи евро сурат мегирад, аз ин хотир наметавонад ба таҳримҳо алайҳи ахирӣ рабт дошта бошад.

Коршиносон мегӯянд, мушкилоти молиявӣ дар «Сити Бонк», аз бонкҳои маъруфи ҷаҳон идомаи ҳамон бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ аст, ки чандин бонки машҳурро ба коми худ фурӯ бурдааст. Ба қавли онҳо, муомилаи бонкҳои Тоҷикистон бо ин бонки амрикоӣ хисороти назаррас дар пай нахоҳад дошт.

Одил Давлатшоев, устоди молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, азбаски омори ин муомилот сирри тиҷоратии бонкҳост, наметавон дар бораи миқёси хисорот сӯҳбат кард: «Албатта, як таъсири муваққатӣ хоҳад дошт, аммо начандон амиқ. Зеро агар як бонк аз хизматгузорӣ даст кашад, боз чандин бонкҳои дигар ҳастанд, ки ҳамин гуна як хизматгузориро метавонанд таъмин кунанд.»

Бонкҳои Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ҳамчунин ҳолатҳоро пешбинӣ кардаанд ва дар ҳоли дастрас кардани ягон санад аз «Сити Бонк», фурсате ҳам дар ихтиёр хоҳанд дошт, ки пайи ҳамкори дигар шаванд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG