Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари занони ироқӣ, ки дар идораҳои давлатии ин кишвар ифои вазифа мекунанд, аз дастури ахири ҳукумати ин кишвар дар бораи пӯшидани либоси ба истилоҳ “боҳаё” ба ғазаб омадаанд.

Моҳи гузашта ҳукумат рӯйхати либоси мамнуъ дар ҷои корро ба табъ расонд. Аз ҷумла машварат дода шудааст, ки занон дар кор аз пӯшидани пираҳани варзишии танг, домани кӯтоҳ, кашфи берӯй ё худ сандал, шими танг ва куртаи рангорангӯ рӯшан худдорӣ варзанд.

Дар ин иртибот хонум Хамса Салоҳ, ходими яке аз муассисаҳои ироқӣ мегӯяд: “Мо ҳамчун ходимони давлатӣ лисбопӯширо масъалаи шахсӣ мешуморем. Ягон ниҳоду вазорат ҳақ надорад зиёдаравӣ намуда, тарзи либоспӯшии расмӣ ҷорӣ кунад. Мо ин амрро қабул надорем.”

Ба гуфти ин хонум, дастур беҳуда ироа шудааст.

Баъзан дар кӯчаҳои Ироқ гурӯҳҳои худсари нозири ахлоқро метавон дид, ки ба занон таҳдид мекунанд. Аз ин рӯ, ба нашри кадом дастуре, аксари занон ҷуръат надоранд либоси ҷалбкунандаи таваҷҷӯҳ бипӯшиданд.

Хонум Разан Абдулло аз он нороҳат аст, ки ин дастурро на кадом ниҳоди динии ифрогаро, балки вазорати умури занони Ироқ нашр кардааст: “Оё воқеан фикри вазорати умури занон ҳамин аст? Оё воқеан сиёсати вазорати умури занон ҳамин аст? Оё воқеан мушкили асосии занони Ироқ либоси онҳост? Ба фикрам зани ироқӣ аз проблемаҳои ҷиддитаре азият мекашад!”

Вале вазири умури занони Ироқ хонум Ибтиҳол Касид Зайдӣ танқидро рад намуда, меафзояд, ки дастури либоси корӣ бо дархости муштарак таҳия шудааст ва вазоратҳои дигар низ онро пазируфтаанд: “Воқеан, мо озодиҳои занонро маҳдуд накардаем. Мо чунин ҳақ надорем. Қонуни асосии Ироқ озодии либоспӯширо кафолат медиҳад. Дар айни замон мо ба занони ходим машварат додаем, ки мутобиқ ба вазифаашон либос пӯшанд. Чунин равиш дар тамоми ҷаҳон маъмул аст.”

Хонум Сундус Аббос, ҳомии ҳуқуқи занони ироқӣ ин фикри вазирро нодуруст мешуморад. Ӯ мегӯяд, фишори иловагӣ бар рӯи занон лозим нест: “Ҳамин кофист, ки занон ҳар рӯз ҳаёти худро дар хатар гузошта, баҳри эҳёи кишварашон кор мекунанд. Феълан ҳамагӣ 11 дарсади оилаҳои ироқӣ комил буда, дар 74 дарсади оилаҳо занони бевамондаву бесарпаноҳ таъмини рӯзори оилаҳоро бар дӯш доранд.

Ба қавли хонум Сундус Аббос, аҳамияти кору мақоми занонро набояд бо либоспӯшии онҳо маҳдуд кард. Ӯ меафзояд, аз ҳама муҳим ин аст, ки занон дар баробари мардон ба хотири назму субот ва рушди Ироқ талош меварзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG