Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афғонистони Озод" даҳсола шуд


Хабарнигорони Радиои Афғонистони Озод дар дафтари Кобул.
Хабарнигорони Радиои Афғонистони Озод дар дафтари Кобул.

Имрӯз, 30-юми январ аз оғози пахши барномаҳои Радиои Афғонистони Озод дуруст 10 сол пур мешавад.

Радиои Озодӣ рӯзи 30 январи соли 2002 ба пахши барномаҳояш ба забонҳои дариву пашту оғоз кард.

Раҳбари вақти Радиои Озодӣ Томас Дайн гуфта буд, ҳадаф аз таъсиси ин радио, «кӯмак ба эъмори Афғонистони босулҳу демократӣ тавассути ахбору иттилоот аст.»

Бояд гуфт, аз соли 1985 то 1993 дар таркиби Радиои Озодӣ бахшҳои дариву пашту вуҷуд дошт, ки ба муҷарради хатми Ҷанги сард ва суқути давлати коммунистӣ дар Афғонистон баста шуд.

Аммо 10 сол пеш, дар пайи шурӯъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар он кишвар, зарурати азсаргирии пахши барномаҳои Радиои Озодӣ бо ин ду забон дигарбора пеш омад ва ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2001 Конгресси Амрико тарҳи таъмини молии Радиои Афғонистони Озодро ҳамчун як бахши ҷанги таҳти раҳбарии Амрико алайҳи террор тасвиб кард.

Баъди ҳамагӣ ду моҳи оғози кори радио дафтараш дар Кобул ҳам боз шуд. Феълан Радиои Афғонистони Озод 12 соат дар шабонарӯз барнома пахш мекунад, ки 6 соаташ ба дарӣ ва 6 соати дигараш ба забони паштуст.

Ба муносибати солгарди 10-уми таъсиси Радиои Афғонистони Озод, сӯҳбате доштем бо Ҳошими Мӯҳманд – мудири кунунии ин радио, ки парвардаи бахши тоҷикии Радиои Озодист ва то таъсиси Радиои Афғонистони Озод қариб 20 сол дар бахши тоҷикӣ кор кардааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG