Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷомеаи Тоҷикистон назарҳо дар робита ба сари фармони мошин нишасти хонумҳо яксон нест.

Зан имрӯз ҳамзамон бо анҷоми кори рӯзгор ва тарбияти фарзандон, баробар бо мардҳо кор мекунад, ҳамчунин ронандагӣ низ мекунанд. Ҳатто мардҳо дар баъзе маворид шӯхиомез мегӯянд, ки ҳар мошини нави хушрангу зебост, ронандааш ҳатман зан аст, зеро мардҳо маъмулан мошини кӯҳнаву бенури истифодашуда меронанд.

Аммо мардҳо ба занҳои сари фармони мошини назари хуш надоранд, «шояд дар симои зани ронанда рақиби худро мебинанд» ва мегӯянд, занҳо дар ронандагӣ заъифанд, дар роҳ мушкилу роҳбандӣ эҷод мекунанд.

Вале кормандони пулиси роҳ ба занҳои ронанда назари мусбат доранд. Ба гуфтаи онҳо, занҳои ронанда нисбат ба мардҳои ронанда бештар хушашон меоянд, на ба хотире, ки ронанда зан ҳасту корманди пулис мард. Балки ба он хотир, ки ба қавли онҳо, занҳои ронанда қонуни ҳаракат дар роҳҳоро камтар вайрон мекунанд, ҳангоми муошират хеле муаддабанд ва бо пулис даст ба гиребон намешаванд.

Аммо оё ҷомеаи Тоҷикистон занҳои сари фармони мошинро қабул дорад ва ба ронандагии зан чӣ назар дорад. Посухи ин суолро аз навори зерин дарёбед:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG