Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши паҳлавонони тоҷик барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Қазоқистон


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи гуштии самбо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Қазоқистон ширкат меварзанд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки ҳамзамон яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб меёбад, аз 27-ум то 30-юми январ дар шаҳри Уралски Қазоқистон баргузор мешавад.

Ҷаноби Абдуллоҳ афзуд, дар ин мусобиқа, ки дар мавсими имсола наахустин аст, ширкати паҳлавонон аз 20 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 30 нафар шомиланд, ки байни онҳо паҳлавонони маъруфи кишвар, монанди Акмалиддин Каримов, Неъматулло Асронқулов, Хушқадам Хисравов, Мустафо Ҳасанов, Сайёд Шайхов, Ибод Шайхов ва дигарон ҳастанд.

Cоли гузашта гуштгирони тоҷик дар ин мусобиқа як медали нуқра (Акмалиддин Каримов дар вазни то 52 кг) ва се медали биринҷӣ (Искандар Ашӯров, 82 кг), Раҳматулло Абдуллоев, то 100 кг ва Зиёратшо Баротов, +100 кг) ба даст оварда буданд.
XS
SM
MD
LG