Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони мудофеъ ба ҳимояти муҳоҷирон мераванд


Муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки

Қарор аст, гурӯҳи вакилони мудофеъ ё адвокатҳои тоҷик барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба Русия бираванд.

Ин масъала дар гуфтугӯи Сафиалло Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо масъулони Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, "ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи адвокатҳо, ки иборат аз 5 нафар аст, ба таври расмӣ расондани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирони корӣ -шарвандони Тоҷикистон мебошад."

Интизор меравад, гурӯҳи адвокатҳо пас аз анҷоми расмиёти хуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирӣ фаъолияти худро рӯзҳои наздик дар назди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия оғоз кунанд.

Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе қасд доранд, дар минбаъда дафтари худро барои расондани кӯмаки ҳуқуқӣ дар тамоми ҳавзаҳои федералии Русия таъсис бидиҳанд.

Ин барои нахустин бор аст, ки гурӯҳи адвокатҳо ё вакилони мудофеъ барои ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ба Русия мераванд. Коршиносон мегӯянд, ин иқдом зоҳиран дар пайи танқидҳои батакрори хабарнигорон ва ҷомеаи кишвар сурат гирифтааст. Ҷомеаи Тоҷикистон борҳо мақомоти ин кишварро барои заъф дар ҳимояту пуштибонӣ аз муҳоҷиронаш танқид кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ ҳудуди як миллион ва тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳудуди 2 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Ва онҳо дар соли гузашта ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон ҳудуди се миллиард доллар маблағ фиристодаанд, ки як бахши иқтисоди кишвар бо пули онҳо мечархад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG