Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвои нави лётчикҳо: "Ҳукми додгоҳро бекор кунед"


Дар акс: Садовничий (аз тарафи рост) ва Руденко ҳангоми баррасии парвнадаашон дар додгоҳ

Дар акс: Садовничий (аз тарафи рост) ва Руденко ҳангоми баррасии парвнадаашон дар додгоҳ

Садовничий ва Руденко, ду халабони ширкати русии "Ролкан", хостаанд, то додгоҳ онҳоро "сафед" намояд.

Ҳавонавардон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз раёсати Додгоҳи вилояти Хатлон тақозо кардаанд, то ҳукми додгоҳро, ки онҳоро дар қочоқ ва убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон муҷрим донистааст, бекор намояд.

Ширкати "Ролкан Инвестмент" ҳам бо ирсоли як номаи эътирозии худ аз додгоҳ хостааст, ки ҳавопаймоҳои мусодирашудаи АН-72-ро бозпас гардонад.

Шикояти Владимир Садовничий ва ширкати "Ролкан" алакай ба дасти додгоҳи вилояти Хатлон расида, аммо намояндагони ин додгоҳ дар бораи расидани шикоятномаи эътирозии Алексей Руденко изҳори бехабарӣ мекунанд.
Аз манофеи ин ду ҳавонаварди русу эстонӣ адвокат Ғулом Бобоев ҳимоят хоҳад кард. Ӯ дар мурофиаи додгоҳии қаблӣ ҳам аз ҳуқуқи онҳо ҳифозат мекард.

Ҷаласаи наздиктарини раёсати додгоҳи вилояти Хатлон ба 27-уми январи соли ҷорӣ таъйин шудааст. Аммо адвокат Ғулом Бобоев мегӯяд, ба гумони ғолиб, шикояти такрории нафарони зерҳимояташро Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасӣ мегирад, зеро ҳайати мунсифаи додгоҳи вилояти Хатлон, ки бояд аз 9 додрас иборат бошад, дар ҳоли ҳозир нокомил аст.

Ҷаноби Бобоев ба ин бовар аст, ки бегуноҳии нафарони зерҳимояташ ин дафъа собит хоҳад шуд ва аз онҳо ба истилоҳ, "доғи судӣ" бардошта хоҳад шуд.

Алишо Қурбонов

Алишо Қурбонов

Ин ҳам дар ҳолест, ки Алишо Қурбонов, иҷрокундаи вазифаи раиси Додгоҳи вилояти Хатлон ва додраси шикояти кассатсионии ҳавонавардон мегӯяд, дар парвандаи мазкур асосе барои ба истилоҳ, "сафед" кардани афроди муттаҳамро намебинад. Ӯ гуфт, "Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон қарори худро қабул кард. Вобаста ба он ки ин ҳавонавардон гунаҳкор буданд, таъйиноти коллегияи судӣ айни ҳол ба қувваи қонунӣ даромадааст. Ин таъйинот ва ҳукми суд бекор карда нашудааст. Асосҳое, ки онҳо гӯё бегуноҳ бошад, дар таъйиноти коллегияи кассатсионӣ рад карда шудааст."

Ҷаноби Қурбонов ҳамчунин гуфт, ҳукми додгоҳи Хатлон нисбат ба ҳавонарвандони рус алакай қувваи қонунӣ гирифта, ба ҳукми иҷро даромадааст. Аммо адвокат Ғулом Бобоев иддао дорад, ки барои ба чолиш кашидани ин ҳукм дер нашудааст.

Ғулом Бобоев

Ғулом Бобоев

Ғулом Бобоев афзуд, шикояти афроди зерҳимояташ қарор аст, то як моҳи оянда аз сӯи мақомоти додгоҳии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор бигирад. Аммо ин мурофиа дар ғайби Садовничий ва Руденко сурат гирифта, аз онҳо танҳо адвокат Бобоев намояндагӣ хоҳад кард.

Вале ширкати "Ролкан", ки даъвои бозпас гардонидани ҳавопаймоҳои худро дорад, ҳоло дар Тоҷикистон барои худ адвокат меҷӯяд. Зеро Ғулом Бобоев ва ҳуқуқшиносони дигари адвокатураи шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳимояи манофеи ширкати мазкур дар додгоҳ даст кашидаанд. Ҳоло адвокатҳо намехоҳанд сабаби радди дархости ширкати "Ролкан"-ро барои ҳимоят аз манофеи ин ширкат дар додгоҳ шарҳ бидиҳанд.

Раҳбарони ширкати "Ролкан" гуфтаанд, ки ҳавопаймоҳо моликияти ширкат буда, бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, дар сурати тасдиқ нашудани гуноҳи соҳибмулк дар содир гардидани ҷиноят, касе ҳуқуқи мусодира намудани онро надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG