Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба навиштаи Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, дар Қирғизистону Узбакистон полису сиёсатмадорон занонро барои иштирок дар маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ сафарбар мекунанд.

Ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудааст, ки занон ба ҳайси хилофкори касбӣ ба иҷора гирифта мешаванд.

Дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши занон заиф нест, онҳо барбари мардон дар маъракаҳои мухталиф шарик мебошанд. Вале ба навиштаи пажӯҳишгоҳи британиявии Ҷанг ва Сулҳ, дар баъзе ҳолатҳо ин занони фаъол ба иҷора гирифта шудаанду дар муқобили эътирозашон маблағе ҳам дарёфт мекунанд. Муаллифони гузориш мегӯянд, барои пароканда намудани эътирози мардон, истифодаи чанд афсари мусаллаҳ бо калтак кофӣ мебошад, вале вақте эътирозгар зан аст, истифодаи нерӯ осон нест.

Дар Қирғизистон истифодаи занони эътирозгар бештар аз тарафи сиёсатмадорон ба назар расидааст. Онҳо ҳамчун издиҳом истифода мешаванд ва ҳузури онҳо дар байни гирдомадагон имкони ҳамлаи полисро коҳиш медодааст.

Дар сӯҳбатҳо бо пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, баъзе аз занҳои “кироя” гуфтаанд, ки дар Қирғизистон ин гуна занҳо дар эътирозҳо бар зидди президентҳои собиқи ин кишвар Аскар Ақаев ва Қурмонбек Боқиев низ истифода шуда, ҳатто номи хосе доранд: “Баталиони Занон”.

Ба қавли як шабакаи телевизионии Қирғизистон, дар ин гуна эътирозҳо асосан занони камбизоат иҷора гирифта мешаванд. Маоши рӯзонаи эътирозгари қаторӣ аз даҳ доллар шурӯъ мешавад ва пешвоёни эътироз то 500 доллар касб мекунанд.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, дар Узбакистон эътирозгарони кироя ба сурати умум заноне ҳастанд, ки дар баробари ниёзмандӣ бо қонун мушкилӣ доранд. Ба қавли пажӯҳишгоҳ, дар Узбакистон полис фаъолиятҳои сиёсиро таҳти назорати қатъии худ қарор дода, асосан фоҳишаҳо ва занони бекормондаро барои бад ном кардани маъракаҳои ҳомиёни ҳуқуқ кор мегиранд.

Ҳомии ҳуқуқи башари Узбакистон Елена Урлаева ба ёд овардааст, ки шаш сол пеш вақте ӯ барои ширкат дар додгоҳи як озодандеши маҳаллӣ ба Бухоро сафар карда буд, ҳамин гуна гурӯҳи занони кироя бидуни кадом сабабе ӯро мавриди ҳамла қарор доду талаб кард, ки ба Тошканд баргардад.

Як афсари хадамоти амнияти миллии Узбакистон ҳам тасдиқ кардааст, ки истифода аз нерӯ барои пароканда намудани эътирозҳо сару садоҳоро ба бор меорад ва аз ин рӯ, барои иҷрои ин кор, яъне тахриби маъракаҳои озодандешону ҳомиёни ҳуқуқи башар, баталионҳои занони кироя истифода мешаванд.

Ӯ афзудааст, ин занон ба издиҳом ҳамроҳ шуда, бо гирдиҳамомадагон ҷанҷол ташкил мекунанд ва сипас дар лаҳзаи муносиб полис омада, аз заноне, ки худро “қурбонӣ” нишон медиҳанд, ҳимоят мекунад. Ба қавли баъзе шоҳидон, моҳи гузашта дар Жанаозени Қазоқистон ҳам гурӯҳе аз занони иғвогар ба эътирози коргарони соҳаи нафт наздик шуда, бо онҳо ҷанҷол ташкил карду сипас ҳамлаи полис камаш16 нафарро кушта ба ҷой гузошт.

Дар ҳамин ҳол аснои сӯҳбат бо муаллифони гузориш, аксари кулли занони эътирозгар эътироф накардаанд, ки онҳо барои ширкат дар эътироз пул мегиранд. Ин занон баръакс таъкид рӯи он кардаанд, ки бо хоҳиши худ эътироз доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG