Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қочоқи шароб ба Афғонистон. Масъули гузаргоҳ айбдор шуд


Пул миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон.

Пул миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори гузаргоҳи марзии Ишкошим барои кочоқи маводи спирт ва сӯистифода аз ваколати хизматӣ муттаҳам гардидааст.

Сардори шӯъбаи тафтишотии раёсати Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Бадахшон Азамат Наврузқулов изҳор дошт, ки тафтишоти пешакӣ даст доштани иҷрокунандаи вазифаи сардори гузаргоҳи марзӣ Баҳром Ғоибовро дар қочоқ ва сӯистифода аз ваколат собит намуд.

Аммо парвандаи ҷиноӣ муваққатан то баргардондани ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки пас аз убури гузургоҳ бо комюни борбар дар тарафи Афғонистон дастгир шуданд, қатъ гардидааст.

Вай баён дошт: «Бо баргардонидани шаҳрвандони тоҷик, ки шоҳиди асосӣ мебошанд, парванда ба ҳаракат даромада, иҷрокунандаи вазифаи сардори гузаргоҳи гузаргоҳи марзӣ ва масъули гумрук, ки ба қочоқи алкул тавассути гузаргоҳи марзӣ мусоидат карданд, тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд.»

Ба иттилои оқои Наврузқулов, шаҳрвандони тоҷик, ки сокинони пойтахт - шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он мебошанд, бо ҷурми даст доштан дар қочоқи машруботи спиртӣ дар ҳаҷми калон дар вулусволии Ишкошими Афғонистон дастгир ва тибқи қавонини он кишвар, онҳоро ҷавобгарӣ интизор аст.

Қаблан Ҳабибуллоҳ Фурӯғӣ, сардори пулиси вулусволиҳои Ишкошиму Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон зимни як нишасти хабарӣ дар Хоруғ гуфт, ки атбои тоҷик бо комюни пур аз шароб пас аз он, ки дидбонгоҳҳои марзбонӣ ва гумрукии ҳар ду тарафро гузаштанд, аз ҷониби нерӯҳои пулиси кишвари ҳамҷавор боздошт гардиданд. Вай гуфт: «Ман намегӯям марзбонони ду тараф дар кочоқ даст доранд, вале боз ҳам қочоқбарони маводи алкулӣ ба даст афтоданд.»

Дар ҳамин ҳол масъулини раёсати Оҷонсии назорати маводи нашъадор дар Бадахшон дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд, ки чанде қабл дар гузаргоҳи марзии Теми Хоруғ бо кӯмаки саги бӯйгир як шаҳрванди Афғонистон бо маводи мухаддир боздошт гардид, ки дар идораи пулиси вулусволии Шуғнони Афғонистон адои вазифа менамудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG