Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди рӯ ба эҳё, аммо осебпазири Тоҷикистон


Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Хазинаи Байналмилалии Асъор баъди арзёбии нишондодҳои иқтисодии Тоҷикистон, ризоият додааст, то ба ин кишвар 20 миллион доллар қарзи нав бидиҳад.

Ин марҳилаи панҷум аз барномаи “Механизми васеи қарздиҳӣ”-ст, ки харҷи умумиаш 141 миллион долларрро ташкил медиҳад.

Барномаи мазкур, ки соли 2009 тасвиб шудааст, дар ивази ислоҳоти иқтисодӣ кӯмакҳои молӣ барои дастгирии иқтисоди Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад. Хазинаи Байналмилалии Асъор дар арзёбиаш мегӯяд, эҳёи иқтисоди Тоҷикистон идома дорад, вале он дар баробари тамоюлҳои берунии иқтисодӣ осебпазир боқӣ мемонад.

Дар сӯҳбате, ки бо Арӣ Айзен, раҳбари намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Душанбе доштам, нахуст аз ӯ хостам, ҷараёни эҳёи иқтисоди Тоҷикистонро бо рақамҳо шарҳ диҳад:

Ҷавоб: “Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли 2011 7,5 дар садро ташкил дод ва таваррум рӯ ба поён овард ва дар поёни соли гузашта 9,3 дарсадро ташкил дод. Ба андешаи ман, ин арқоми боварибахш аст, ки нишон медиҳад, иқтисоди кишвар эҳё мешавад. Мехостам таъкид кунам, ки арсаҳои хизматрасонӣ, кишоварзӣ ва сохтмон сабабгори асосии нишондодҳои хуби рушди иқтисодӣ шуданд. Интиқолҳои пулии муҳоҷирон низ тақрибан 30 дар сад афзоиш ёфт ва арзиши пули миллӣ дар ҳадди мӯътадил монд. Аз ин рӯ, мо шоҳиди нишондодҳои макроиқтисодии хуб дар поёни соли 2011 шудем.

МУШКИЛОТИ УМДА КАДОМҲОЯНД?

Суол: Аммо онгуна, ки Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳанӯз мушкилоти умдае дар иқтисоди кишвар вуҷуд дорад. Кадоме аз ин мушкилот амиқтар аст?

Ҷавоб: Бо вуҷуди ин пешрафт, ҳанӯз баъзе мушкилот вуҷуд доранд. Дар маҷмӯъ иқтисоди Тоҷикистон дар баробари омилҳои берунӣ бисёр осебпазир боқӣ мемонад ва яке аз сабабҳои ин осебпазирӣ, бахши ками хусусӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар замонҳои зарбаҳои берунии иқтисодӣ метавонад, бисёр кӯмак намуда, таъсири ин зарбаҳоро камтар кунанд. Сабаби дигар, мизони пасти муомилаҳои молии байнибонкӣ дар Тоҷикистон аст, ки бонкҳояш бояд харҷу дахли худро беҳтар кунанд, ҳаҷми қарзҳои бефоидаро коҳиш диҳанд ва муомилоти байниҳамдигариро бештар кунанд. Тоҷикистон ҳамчунин нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии худ қарзи баландтар дорад. Ман намегӯям, ки қарзи бисёр зиёд аст, аммо ба ҳадде зиёд ҳаст, ки ин ба ҳукумат намегузорад, ки он қарзи зиёдеро гирад, бахусус агар ин қарзҳо ғайриимтиёзнок бошанд ."



Мехостам, захираҳои ками тиллову арзи Бонки Миллии Тоҷикистонро низ зикр кунам. Як бахши барномаи Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам идомаи кӯмак ба Бонки Миллии Тоҷикистон аст, ки захираҳои тиллову арзии худро зиёд кунад, зеро ин барои муқобила ба таъсироти омилҳои берунии иқтисодӣ бисёр муҳим аст. Ҳоло захираҳои тиллову арзии Тоҷикистон тақрибан 430 миллион долларро ташкил медиҳад, ки танҳо барои воридоти якуниммоҳа кофист. Ин захира ҳатто барои кишварҳои камдаромад низ кам аст ва бояд бештар бошад. Хуб аст, захираҳо барои дувуним ва ё се моҳ кофӣ бошад. Ин як ҷараёни давомдор аст ва бо назардошти пешрафтҳои ахир ва интизоми молӣ мо интизор дорем, ки Тоҷикистон солҳои оянда захираҳои тиллову арзии худро зиёдтар мекунад.“

ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ВОБАСТАИ ИҚТИСОДИ РУСИЯ?

Суол: Доир ба таъсироти берунӣ сӯҳбат кардем, дар ин аёми талотумҳову бӯҳронҳои молӣ дар ҷаҳон, ба иқтисоди Тоҷикистон бештар чӣ таҳдид мекунад?

Ҷавоб: Ба андешаи ман, таҳдидҳои аслӣ барои иқтисоди Тоҷикистон ба вазъи иқтисоди Русия вобаста аст, зеро кӯмакпулиҳои муҳоҷирон барои таъмини рушди иқтисодӣ муҳим аст ва барои афзоиши тақозову тиҷорат мусоидат мекунад. Кӯмакпулиҳои муҳоҷирон ҳамчунин як сарчашмаи бисёр муҳими захираҳои тиллову арз аст ва эътидол дар бозори табодули арз ба маҷрои кӯмакпулиҳои муҳоҷирон вобаста аст. Дигар ин, ки талаботи Русия ба молҳои содиротӣ аз Тоҷикистон низ зиёд аст ва дар сурати таъсири ҷиддӣ ба иқтисоди Русия аз тағйире дар иқтисоди ҷаҳонӣ ин талабот кам мешавад, дигар чиз вуруди сармояи мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон аст. Агар Русия ҳамчунон рушди маъқули иқтисодӣ дошта бошад, иқтисоди Тоҷикистон ҳам ранҷи зиён нахоҳад кашид. Иқтисоди Тоҷикистон метавонад, аз дигар самтҳо низ таъсири манфӣ бинад ва аз ҷумла аз нарху ҳаҷми молу коло. Ду моли содиротии аслии Тоҷикистон алюминий ва пахта аст, ки ҳарду сарчашмаи бузурги дарёфти арзи хориҷианд, ( ки метавонанд поин раванд). Вале агар қимати нафт поён ояд, барои Тоҷикистон хуб аст, зеро қиматҳо дар инҷо поён меоянд, аммо аз тарафи дигар иқтисоди Русия осеб мебинад. Аз ин рӯ мо бояд ҳамаи ин вобастагиҳоро дар назар бигирем.
XS
SM
MD
LG