Пайвандҳои дастрасӣ

Фурудгоҳи байналмилалӣ ва мақоми Данғара


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Фурудгоҳи шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Сохтмони фурудгоҳи байналмилалӣ дар Данғара пешгӯиҳои пойтахти кишвар интихоб шудани ин ноҳияро бештар кардааст.

Муовини раиси Данғара Маҳмадюсуф Шоев гуфт, сохтмони фурудгоҳи байналмилаии ин ноҳия баробари ба ҷойи дигар кӯч додани хатти роҳи оҳан аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ин фурудгоҳ дар майдони беш аз сад гектар замин сохта мешавад ва парвозро ба мамолики хориҷ таъмин хоҳад кард. Қарор буд, сохтмони қисмҳои аслии фурудгоҳ то охири соли ҷорӣ ба итмом бирасад, аммо ба гуфтаи масъулини ноҳия, бо сабаби мушкил пеш омадан дар ивази хатти роҳи оҳане, ки майдони фурудгоҳро убур мекунад, татбиқи барнома бо каме таъхир анҷом хоҳад шуд.

Фурудгоҳҳои байналмилалӣ аслан дар шаҳрҳои дорои аҳамияти муҳим сохта мешаванд. Аммо сохтмони як иншооти бо ин муҳимӣ дар минтақаи Данғара, ки дар фосилаи 150 километр аз пойтахти кишвар ҷойгир шудааст, аз назари бисёр шаҳрвандон аҷиб ба назар мерасад. Данғара зодгоҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бархе аз мақомоти калидии кишвар аст, ки дар солҳои ахир роҳҳову хиёбонҳои маркази он комилан азнавсозӣ шудаанд.

Таваҷҷӯҳ ба ин минтақа назарҳоеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, ки ба имкони кӯч додани пойтахт ба ин минтақа ишора мекунанд. Саидакбар, сокини ноҳияи Данғара, ки ронандаи мошини боркаш аст, мегӯяд, дар ҳақиқат ҳар ҷое меравад, дар ин мавзӯъ сӯҳбат аст. Ӯ аз пойтахт ё ҳадди ақал маркази вилояти Хатлон шудани Данғара ҷонибдорӣ мекунад: "Ноҳияи мо замини бисёр дорад. Ҳозир аз Помиру Роғун мардумро оварда замин додаанд. Агар обаш зиёдтар шавад, ҳамин ноҳия ҳамаи Тоҷикистонро мехӯронаду мепӯшонад, бо ин заминҳояш."

Аммо Ҷамшед, як сокини дигари ноҳияи Темурмалик мегӯяд, мақоми баландтари маъмурӣ гирифтани Данғара нофаҳмиҳоро ба бор меорад.

"Шояд ҷои бадӣ надошта бошад, ки пойтахт шавад, вале ҳамин зодгоҳи президент буданашро одамон дигар хел қабул мекунанд. Бисёриҳо баъдан норозигӣ мекунанд, ки президент ҳамаро ба ватани худаш бурд",-мегӯяд вай.

Бурҳон Сафарӣ, рӯзноманигори маҳаллӣ гуфт, дар замони Шӯравӣ низ шимоли Тоҷикистон, бахусус, шаҳри Хуҷанд, бо суръати баланд обод карда мешуд ва миёни мардум айнан чунин овозаҳо буд, ки пойтахт ба Хуҷанд кӯчонида мешавад. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳеҷ гоҳ Данғара пойтахт ё маркази вилоят нахоҳад шуд ва ин овозаҳо ба мисли овозаҳои замони Шӯравӣ беасосанд.

Ин хабарнигор гуфт, "ҳар ҷое, ки обод шавад, ҷои бадӣ надорад. Ҳарчанд, Данғара мавқеи ҷуғрофии хуб барои маркази маъмурӣ шудан дошта бошад ҳам, аммо гумон намекунам, ки онро пойтахт ё маркази вилоят кунанд. Зеро мавқеи ҷуғрофии Душанбе ҳам хуб аст ва бубинед, ки онро ҳам обод мекунанд. Аммо барои Данғараро пойтахт кардан солҳои зиёд ва маблағҳои бештар зарур аст."

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Аз мақомҳои расмӣ Сӯҳроб Шарифов, раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ ва ҳоло узви порлумони Тоҷикистон танҳо нафаре буд, ки аз ин идея ҷонибдорӣ кард. Ӯ гуфта буд, ки бо дарназардошти заминҳои фаррох ва аз нигоҳи амниятӣ дар ҷои хуб ҷойгир будан меарзад, ки Данғара пойтахти Тоҷикистон гардад.

Аммо Маҳмадюсуф Шоев, муовини раиси ноҳияи Данғара, ки дар як нишасти матбуотӣ ба ҷои раиси ноҳия сӯҳбат мекард, гуфт, сӯҳбат дар ин мавзӯъ ба салоҳияти онҳо дохил намешавад. Вай гуфт, "ин гап ба салоҳияти мо намедарояд. Ин ба салоҳияти мақомоти иҷроияи вилоят ва ҷумҳурӣ дахл дорад. Дар ин масъала ҳеҷ чиз гуфта наметавонем, зеро дар салоҳияти мо нест."

Данғара яке аз даҳ ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аст. Аммо бинобар маҳалли таваллуди раиси ҷумҳури Тоҷикистон будан, ҳамеша мавриди таваҷуҳи сокинону матбуот қарор дошту дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG