Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваколатҳои сарвазир. Акнун ду ҳиссаи нобаробар


Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон

Матлубхон Давлатов, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ муовини аввали нахуствазир таъйин гардид.

Ноиби аввали сарвазир акнун салоҳияти бештаре дорад, ки вобаста ба иҷро шуданашон аз ваколатҳои нахуствазир камтар нахоҳанд буд.

Акнун ҷаноби Давлатов масъулияти соҳаи иқтисодиро бар ӯҳда дошта, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии кишварро дар бахши қтисодиёт, аз ҷумла сиёсати буҷаву андоз, ҷалби сармоягузорӣ, фаъолияти мақомоти андоз ва гумрук, идораи моликияти давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодиро амалӣ ва назорат менамояд.

Ин блоки масъулиятҳои муҳими иқтисодӣ, аз ваколатҳои нахуствазир гирифта шудааст. Дар гузашта танҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ҳоло раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбест, дар симати муовини аввали нахуствазир буд, аз ваколатҳои густарда бархӯрдор буд.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик

Ба назари Зафар Абдуллоев, коршиноси мустақил, пайваста каму зиёд намудани ваколати нахуствазир марбут ба вазифа ё курсӣ нест, балки ба он вобаста ба он аст, ки кадом шахс ба ин вазифа мансуб мешавад. Ӯ гуфт, "Тағйироти салоҳиятҳо миёни нахуствазир ва муовинҳои аввали он ба афроди мушаххас робита мегирад, на ба ин мансаб. Чуноне, ки мегӯянд, Матлубхон Давлатов бо Давлаталӣ Саидов хешу табор ҳастанд ва ин гурӯҳ дар атрофи президент мавқеи мустаҳкам доранд ва ин агар як каме ба тааҷҷуб орад, боз ҳушдор ҳам медиҳад, зеро муовини аввали нахуствазир соҳаҳои муҳими иқтисодии кишварро таҳти назорат хоҳад гирифт."

Аммо ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тағйиру дигаргуниҳо дар ваколатҳои нахуствазир ва муовинҳои аввали ӯро як амали қонунӣ шарҳ медиҳад ва мегӯяд, ки ин масъала вобаста ба тахассуси нафаре сурат мегирад, ки дар ин курсӣ менишинад.

Субҳиддин Муҳиддинов, як масъули Хадамоти матбуоти ҳукумати Тоҷикистон гуфт, "азбаски Матлубхон Давлатов иқтисоддон мебошад, бахши ваколатҳое ба ихтиёри ӯ вогузошта шуданд, ки ба соҳаи иқтисодӣ рабт доранд."

Матлубхон Давлатов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон

Матлубхон Давлатов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон

Вай афзуд, "қаблан дар давраи Асадуллоҳ Ғуломов салоҳиятҳои муовинҳои аввал бештар буд. Вай соҳаи энергетика, иншооти энержӣ, сохтмони роҳҳоро назорат мекард. Ҳоло ин ҳама салоҳиятҳо ба нахуствазир баргардонда шудааст."

Пас аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон бар Абдумалик Абдуллоҷонов дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 1994, салоҳияти раиси ҳукумати кишварро низ Эмомалӣ Раҳмон дар қабзаи худ гирифт. То кунун вай ҳам раиси ҳукумат ва ҳам раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ва бо ҳамин, вазифа ва масъулияти нахуствазирӣ дар Тоҷикистон камранг шуд, зеро тамоми салоҳиятҳо ба як нафар тааллуқ гирифт.

Коршиноси тоҷик Амнияти Абдуназар мегӯяд, ҳоло Амнияти Абдуназар,коршиноси тоҷик

Амнияти Абдуназар,коршиноси тоҷик

вазифаи нахуствазирӣ танҳо ба хотири баланси минтақавӣ ҳифз шудааст: "Имруз чуноне ки русҳо мегӯянд, "министр безпортфеля", нахуствазири Тоҷикистон аслан ҳеҷ салоҳияте надорад. Аммо ин ба хотири география аст. Дигар одамоне ҳам, ки дар баъзе мансабҳо ҳастанд, ба хотири минтақааш гузоштаанд, вагарна онҳо амалан ҳеҷ салоҳият надоранд."

Амнияти Абдуназар меафзояд, ба Матлубхон Давлатов, ки аз наздикони президент ба шумор меояд ва ҳам иқтисоддон мебошад, додани ваколатҳои бахши иқтисоди нахуствазир ба он маъност, ки нахуствазири ҷадиде, ки меояд, ба масъалаҳои борику ҷузъиёти иқтисодӣ роҳ надошта бошад.

Аммо ба ҳар сурат, аксари ҳамсӯҳбатони мо ба ин боваранд, ки агар баъзе аз ваколатҳои президент ба нахуствазир дода шавад, он гоҳ метавон гуфт, ки ин курсӣ аҳамият пайдо кардааст.

Вале Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, барои анҷоми ин масъала бояд Қонуни асосиро иваз кард ва раъйпурсӣ ё референдум баргузор намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG