Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: "Бе ислоҳот ояндаи кишвар тира метобад"


Шурӯи ислоҳот ва ё тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва интизорот аз як таҳаввулоти ҷиддӣ дар Тоҷикистон дар меҳвари матолиби аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор гирфтааст.

"Имрӯз news" аз нахустин тағйири кадрӣ дар ҳукумат хабар дода ва таъини Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири собиқи корҳои дохилӣ ба курсии котиби шӯрои амниятро аз масъулиятҳои навбатии ин фарди ҳирфаӣ унвон кардааст. Ба навиштаи нашрия «замони вазирии Қаҳҳоров бо авҷи фаъолияти мақомоти интизомӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти амниятӣ сурат гирифт. Маҳз дар ҳамин давом бархе аз гурӯҳҳои мазҳабӣ зери пайгарди қонунӣ ва барои аввалин бор инфиҷори маргталаб дар Тоҷикистон анҷом шуд». Нашрия менависад, «ҳамакнун оё гуфтан мумкин аст, ки бо бартараф кардани пайомадҳои қазияҳои соли 2010 миссияи Қаҳҳоров дар таъмини интизом анҷом шуд ва ё баракс масъалаи амниятӣ нигаронкунанда гашт ва ин кадри ҳирфаӣ ба маснади болоии амниятӣ интиқол ёфт?»

«Фараж» дар мақолаи «Миссияи сеюми Эмомалӣ Раҳмон» - ба иҷрои рисолати навбатии президенти Тоҷикистон барои як таҳаввули ҷиддӣ дар кишвар таъкид кардааст. Муаллифи матлаб Раҷаби Мирзо навиштааст, ки «таҷрибаи талхи кишварҳои авторитарии араб нишон дод, ки дар ҳар мамлакате бояд ҳамеша зарфияти минималӣ барои пиёда кардани «ислоҳоти зарурӣ» вуҷуд дошта бошад». Муаллиф иҷрои ин иқдом "тавассути Президент Раҳмонро танҳо дар ҳолати ба ин кор самимона машғул шуданаш имконпазир медонад». Ҳамзамон муаллиф ислоҳотро ҳадди аққал дар чор самт: бознигарии имиҷи худ, ихтисори ваколатҳои президент, таъмини интихоботи шафофу демократӣ дар соли 2013 ва мубориза бо маҳалгароӣ ва фасоди миллӣ муҳим медонад.

«Нигоҳ» ин суолро матраҳ кардааст, ки «чаро дар паёми табрикотии президенти Тоҷикистон ишорае ба таҳаввулот дар соли нав набуд?». «Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон аллакай аз рухдодҳои Тоҷикистон дар соли 2011 қотеона гуфтанд: ин воқеаҳо ба ҳукумат ҳушдори охирини худро додаанд. Ва изҳор доштаанд, ки умри ҳукуматро танҳо як чӣ метавонад дароз кунад: таҳаввулоти самимона ва такя ба мардум!». Вагарна кӯшиши баромадан "аз ботлоқ" беҳуда хоҳад буд.

«Азия-Плюс», ки қабл аз соли нав ба хонандагони худ пешниҳод карда буд, ба кори ҳукумат баҳо диҳанд, зимни хулосабарорӣ аз вокуниши хонандагонаш навиштааст, «раҳбаронеро, ки эътимодро аз даст додаанд, мешавад ба истеъфо фиристод. Усулан ҳам ин ишора ба ҳама тааллуқ хоҳад дошт. Дар ҳоле, ки система заиф аст ва маҳалгароӣ вуҷуд дорад, дар бораи кадом ислоҳоти системавӣ метавон ҳарф зад?» Нашрия ба ислоҳоти сареъ ва воқеъӣ дар роҳи ҳифзи субот даъват кардааст.

«СССР» низ дар ин маврид дар матлаби «Садои мардум чӣ мегӯяд?» навиштааст, ки «сухани мардумро бояд шунид. Аҷиб аст, ки дар ин моҷаро (назарпурсии Азия-Плюс) аксарият Оқил Оқиловро намехоҳанд ва Музаффар Исҳоқовро.. Мо намегуем, оҷилан инҳо аз вазифа барканор шаванд. Вале ин 2 тан бояд биандешанд, ки чаро аксарият зидди инҳо шӯридаанд. Имрӯз биандешанд, то фардо дер нашавад». Афзун бар ин нашрия пешниҳод дорад, ки «ислоҳоти воқеъӣ ва наззаррас бояд дар раъси ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар ба вуқӯъ оянд. Ба гунаи мисол, дар вилояти Хатлон. Бояд ахиран дарк кард охир, ки Авзалов ва командааш на-ме -та-во- над бори масъулияти 1 вилоятро дар асри 21 кашад!». Ба навиштаи нашрия «кадрҳои ҷавон, серғайрат, замонавӣ, аққаллан нафареро бояд интихоб кард, ки почтаи электронӣ дошта бошад!!!. Донад, ки Интернет чисту дар ҷаҳон чӣ ҳодиса рух медиҳад».

«Миллат» дар матлаби «Ҳукумат нав мешавад ё чун пор хоҳад монд ё чаро дар ҳукумати Тоҷикистон Низомулмулк ва Ҷаъфари Бармакӣ нест?» навиштааст, ки «масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президент, мушовирони раҳбари давлатро зарур аст, ки афкори умумро сари фаъолияти ин ё он мансабдору вазиру раис биомӯзанд ва ба Эмомалӣ Раҳмон нотарсида, мунсифона ва беғараз пешниҳод намоянд». Зеро ба навиштаи нашрия, "мардум дар интизори ислоҳот аз сӯи президент аст». Муаллифи матлаб Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатиро беҳтарин номзад ба мақоми сарвазирӣ дониста ва гуфтааст, ки «вале агар ҳамон квотаро риоя кунем, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров метавонад ба мақоми сарвазирӣ шахсияти арзанда бошад. Ва Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ҳам метавонад сарвазири арзандае барои Тоҷикистон бошад». Ҳамчунин муаллиф менависад, «агар Асрорӣ ба ҷои Руқия Қурбонова муовини сарвазир дар умури фарҳанг таъин шавад, фикр мекунам, ин амал бештар ба рушди маънавиёт ва фарҳанг дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард». Аз сӯи дигар ба бовари муаллиф, «маорифи кишварро бо ҳама хадамоти кардаи Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф, бояд аз эшон раҳо кард...».

«Нигоҳ» дар матлаби дигараш навиштааст, ки «ҷомеа интизори таҳаввулоти чашмгирест, ки дурнамои онро ба сӯи рушд ва шукуфоӣ рӯшан намояд. Вазъи ҷаҳон раванди бозиҳои калонро ҳам ошкор кардааст. Аз ин рӯ, эҳтимол таҳаввулоти эволутсионие сурат бигирад. Соли 2012 ҳам солет, суоломез».
XS
SM
MD
LG