Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО нархҳоро дар Афғонистон тағйир дод


Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир захираҳои кофии маводи сӯхт ва хӯроквориро дар ин кишвар доранд.

Генерал Карстен Ҷакобсон, сухангӯи ин нерӯҳо дар Кобул гузоришҳои нашршуда дар мавриди харидани сӯзишворӣ аз бозорҳои Афғонистон аз сӯи нерӯҳои НАТО-ро рад кард.

Ҷакобсон рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Афғонистони Озод гуфт, онҳо ба хотири бартараф кардани ниёзмандиҳояшон дар Афғонистон захираҳои кофии сӯзишворӣ ва ғизоро дар ихтиёр доранд.

«Мо ҳеҷ навъ камбуди икмолотӣ надорем ва талош мекунем, ки эҳтиёҷоти худро а роҳҳои дигар бартараф
Карстен Ҷакобсон, сухангӯи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон
Карстен Ҷакобсон, сухангӯи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон
бисозем. НАТО ҳеҷ вақт бо харидории сӯзишворӣ ва маводи хӯрока аз бозорҳои Афғонистон, мардуми ин кишварро ба мушкил рӯбарӯ нахоҳад сохт. Аммо бо ин ҳама мо талош мекунем, ба зуди раванди икмолоти худро аз Покистон дубора оғоз намоем.»

Қабл аз ин Вазорати тиҷорат ва саноати Афғонистон гуфта буд, ки пас аз ба миён омадани мушкилот дар равобити НАТО ва Покистон, ин нерӯҳо маводи сӯхти мавриди ниёзи худро аз тоҷирони афғон харидорӣ мекунанд, ки ин кор сабаб шудааст, то қимати сӯзишворӣ дар бозорҳои Афғонистон афзоиш ёбад.

Банд мондани мошинҳои ҳомили маводи сӯхти НАТО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:29 0:00
Линки мустақим

Покистон роҳро ба рӯи корвонҳои икмолотии НАТО ба Афғонистонро ҳудуди ду моҳ қабл, пас аз кушта шудани 24 сарбози худ тавассути нерӯҳои НАТО, баст.

Масъулони НАТО ҳоло ба пешрафтҳое дар барқарорсозии робита бо Покистон ишора мекунанд, ки ба назари онҳо бисёр умедворкунанда аст.

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, агар ин мушкил миёни Покистон ва НАТО бартараф нагардад, таъсири манфӣ бар зиндагии мардуми афғон хоҳад дошт.

Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари афғон
Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари афғон
Аҳмад Саидӣ, коршиноси афғон мегӯяд: «Замоне, ки НАТО амволи худро аз бозорҳои Афғонистон харидорӣ мекунад, қиматҳо дар бозор боло рафта ва зарба ба иқтисоди кишвар мезанад. Дар маҷмӯъ ин ҳама фишор болои мардум бечора хоҳад буд.»

Дар ин ҳол НАТО низ инро мепазирад, ки тирагии равобит миёни Покистон ва НАТО ба фаъолиятҳои иқтисодии ду тараф таъсири манфӣ расонида ва амволи тоҷирони афғон низ мутаваққиф шудааст.

Аммо Ҷакобсон, сухангӯи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мегӯяд, талошҳои барои бартараф намудани ин мушкилро оғоз намуда ва изҳори умедворӣ мекунад, ки он ба зудӣ бартараф хоҳад шуд.

Амрико ва НАТО ба манзури таъмини нерӯҳояшон бо маводи сӯхт ва хӯрокворӣ дар Афғонистон, бар иловаи роҳҳои дигар, аз бандари Карочии Покистон низ истифода мекунад. Аммо онҳо мегӯянд, бештари маводи икмолотии худро аз тариқи ҳаво ва кишварҳои Осиёи Миёна ба Афғонистон мерасонанд.
XS
SM
MD
LG