Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса суботи марзи Тоҷикистонро мехоҳад


Низомиёни фаронсавиии мустақар дар Тоҷикистон ҳини паради ҳарбӣ ба муносибати 20-умин солгарди Истиқолилияти Тоҷикистон

Низомиёни фаронсавиии мустақар дар Тоҷикистон ҳини паради ҳарбӣ ба муносибати 20-умин солгарди Истиқолилияти Тоҷикистон

Фаронса гуфтааст, ки Тоҷикистонро дар таъмини амнияти марзҳояш бо Афғонистон кӯмак хоҳад кард.

Ин матлабро Жерар Лонге, вазири дифои Фаронса ҳини мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Хайруллоев дар шаҳри Душанбе баён намудааст.

Вазири дифои Фаронса афзудааст, ки низомиёни фаронсавии мустақар дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо низомиёни тоҷик тамринҳо муштарак доир мекунанд ва аз таҷрибаҳои ҳамдигар меомӯзанд.

Аз ҷониби худ мақомоти тоҷик мегӯянд, ки айни замон панҷ тан аз курсанҳои тоҷик дар донишгоҳҳои ҳарбии Фаронса таҳсил менамоянд.

Дар ҳоли ҳозир дар фурудгоҳи Душанбе 100 афсару сарбоз ва тайёраҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса мустақар шудаанд, ки ба амалиёти низомиёни ин кишвар дар Афғонистон кӯмаки фаннӣ менамоянд.

Вазири дифои Фаронса гуфтааст, ки низомиёни кишвараш баъд аз соли 2014 низ дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Ба гуфтаи Жерар Лонге, ҳамкориҳои кишвараш бо Афғонистон танҳо ҷанбаи низомӣ надошта, талош хоҳанд кард бо ин кишвар робитаҳои танготанги фарҳангӣ ва иқтисодӣ низ дошта бошанд.

Вазири дифои Фаронса дар ҳоле аз Тоҷикистон дидан намуд, ки дар ҷараёни боздиди дурӯзаи худ аз Афғонистон, бо низомиёни кишвараш мулоқот кард ва бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва вазири дифои ин кишвар Абдураҳим Вардак низ музокирот анҷом дод.

Тибқи хабарҳо, рӯзи панҷшанбе дар вилояти Кописо воқеъ дар шарқи Афғонистон, шахсони номаълум ду сарбози фаронсавиро ҳадаф қарор доданд. Дар ҳоли ҳозир 3600 сарбози фаронсавӣ дар Афғонистон, аксаран дар вилояти Кописо ва минтақаи Сурубӣ ҷойгир ҳастанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG