Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cоли 2011-и мелодӣ бо ҳама таҳаввул ва дигаргуниву тағйирот дар остонаи сипарӣ шудан аст.

Вале интизороти ҷомеаи Тоҷикистон аз соли нави 2012 чист? Чӣ бояд кард то беҳбудиҳои ба дастомадаи соли равон ҳифз, вале норасоиву навоқисе, ки буд, бартараф бишавад?

Ба ин манзур дар студияи радиои Озодӣ дар Душанбе, бо ширкати коршиносон ва соҳибназарон сӯҳбате доир гардид.

Сайфуллоҳ Сафаров

Сайфуллоҳ Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли оянда ҳукумати Тоҷикистон ба сиёсати созандагии худ дар бахшҳои мухталиф идома хоҳад дод: «Соли 2012 давоми соли 2011 хоҳад буд. Ба он маъно, ки бисёре аз масъалаҳое, ки дар соли 2011 дар ҷашни истиқлолият мо сар кардем дар соли 2012 хатм хоҳанд шуд. Пеш аз ҳама ин бунёди марказҳои фарҳангӣ, тиббӣ, мактабҳо, варзишгоҳҳо ва ғайраҳо буданд, ки ҳами онҳо дар хидмати мардум ва барои мардум сохта шудаанд.»

Пахши пурраи мизи гирдро инҷо бишнавед:



Ҷаноби Сафаров дар идома гуфт: "Дар нимсолаи аввал мо мебинем, ки чӣ қадар тағйироти кадрӣ сурат мегирад ва онҳо чӣ қадар аз хешу табори роҳбарияти олии кишвар мешаванд. Ман бо онҳое розӣ шуда наметавонам, ки ҳама чизро оварда фақат ба як нафар мечаспонанд. Ба хотири як, ду , се нафар тамоми сиёсати кадрии мамлакатро зери шубҳа мегузоранд ва бо ҳамин ояндаи кишварро ҳам зери шубҳа мегузоранд, ки ин тамоман асоси илмӣ ва воқеӣ надорад."

Воҳидхон Қосиддинов

Воҳидхон Қосиддинов

Воҳидхон Қосиддинов, роҳбари Дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки ҳамкории давлат бо аҳзоби сиёсии кишвар дар соли оянда ба нафъи ҷомеа хоҳад буд: "Ба андешаи ман дар соли 2012 давлат бояд дар ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ таҷдиди назар кунад. Зеро аҳзоби сиёсӣ дар раванди ташаккулёбии муносибатҳо дар ҷомеа нақши асосӣ мебозанд. Аммо аз ҷамъбасти соли ҷорӣ бармеояд, ки ҳоло мушкилот дар пеш аст, чун соли оянда соли қабл аз интихоботи раиси ҷумҳурӣ аст ва фикр мекунам шояд вазъият боз печидатар шавад."

Ба назари ҷаноби Қосиддинов: "Он пешниҳоди ҲНИТ, ки дар бораи тағйири командаи президент шуда буд, беасос набуд. Мо дар охири сол шоҳиди ҳодисаҳое гаштем, ки чи қадар мушкилиҳо болои Тоҷикистон омад. Ин далолат ба он мекунад, ки он масъулине, ки имрӯз сари вазифа ҳастанд, аз иҷрои ӯҳдаи масъулиятҳои ба зимаашон гузошта баромада натавонистанд. Агар ба хуби мебаромаданд, Тоҷикистон дар он бунбаст қарор намегирифт."

Саймиддини Дуст

Саймиддини Дуст

Саймиддини Дӯст –масъули созмони иҷтимоии “Индем” мегӯяд, ки "Тамоми ҳодисаҳои нимаи дуюми сол нишондиҳандаи он буданд, ки ҳокимият дар Тоҷикистон устувор нест. Муҳимтарин нишондиҳандааш он аст ки мардуми Тоҷикистон аз ҳукумат хаста шудаанд."

"Сатҳи топ-менеҷерҳои ин ҳукумат ҳатто дар сатҳи миллӣ ҳам нест. Беҳтарини онҳо метавонист ягон раиси колхоз ё дар вазифаи раиси ҷамоат кор кунад, на бештар аз ин. Ин ҳукумат ҳамон даст ва ё узви шахшударо мемонад, ки ҳатто ба сӯзан задан вокуниш нишон намедиҳад",-меафзояд ҷаноби Дӯст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG