Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи мардуми Ҳумс аз нозирони байнулмилалӣ


Cурия ҳанӯз ором нест.

Cурия ҳанӯз ором нест.

Генерал Муҳаммад Мустафо ал-Дабӣ, раиси ҳайати нозирони Лигаи араб аз ҳалли бӯҳрон дар Сурия изҳори хушбинӣ кард.

Дар мусоҳиба бо хабаргузории Рейтер ӯ авзоъ дар шаҳри Ҳумс, маркази намоишҳои эътирозии алайҳи раисиҷумҳур Башор Асадро, “умедворкунанда” номид ва аммо афзуд, ки тафтиши иловагии ҳаводиси ин шаҳр зарур аст. Сокинони Ҳумс нозиронро хуш истиқбол гирифтанд ва “Ба мо ҳимояти байнулмилалӣ зарур аст!” нидо мекарданд.

Дар ҳоле, ки онҳо вориди шаҳри ноороми Ҳимс мешуданд, ҳудуди 30 000 нафар мухолифон бар зидди режими Башор Асад дар маркази шаҳр эътироз карданд. Нозирон дар ин шаҳр бо мақомоти расмӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар мулоқот анҷом доданд. Аз сӯи дигар, дар остонаи вуруди нозирон ба ин шаҳр, неруҳои амниятӣ тонкҳо ва соири техникаи низомиро аз маҳали Бобо Амрои Ҳимс берун бурданд.

Генерал Муҳаммад Аҳмад Мустафо-собиқадори кашфи низомӣ аз Судон ва раиси ҳайати нозирон мегӯяд, дар рӯзи аввал дар фаъолияти онҳо чӣ аз ҷониби мақомоти расмӣ ва чӣ аз ҷониби мухолифони давлат монеае пеш наомадааст ва мақомоти Ҳимс бо онҳо ҳамкорӣ кардаанд.

Бо вуҷуди ин, хабаргузориҳо мегӯянд, ки дар давоми 24 соати қабл аз вуруди нозирон ба шаҳри Ҳимс, 34 нафар дар тирандозиҳои неруҳои амниятӣ кушта шудаанд, дар ҳоле, ки танҳо рӯзи душанбе шумораи кушташудагон ба 24 нафар расида буд. СММ мегӯяд, аз оғози даргириҳо дар миёнаи моҳи марти соли ҷорӣ то ҳол, яъне дар давоми тақрибан 9 моҳ дар Сурия ба дасти неруҳои режими Башор Асад бештар аз 5 000 нафар кушта шудаанд.

Дар мусоҳибае бо Илё Ҷазоирӣ-коршиноси Ховари Миёна нахуст аз вай пурсидам, оё бо вуруди нозирони арабӣ тағйирот дар вазъияти Сурия эҳсос мешавад?

Илё Ҷазоирӣ: Бо вуруди ин, нозирон тағйироти чашмгире то ин лаҳза эҳсос намешавад, чунки манотиқи мухталиф аз ҷумла Ҳимс ва минтақаҳои ноором дар маърази ҳамлаҳои шадиди артиш ва неруҳои амниятӣ қарор доранд. Ин ҳамлаҳо ҳатто дар остонаи вуруди нозирон ба Сурия ташдид шуда буд. Масалан, фақат дар Ҳимс рӯзи душанбе 24 нафар аз мардум дар асари тирандозии тонкҳо кушта шуданд.

Суол: Нозирон тибқи барномае, ки доранд, дар кадом шаҳрҳо ва минтақаҳо бо вазъ ошно хоҳанд шуд?

Илё Ҷазоирӣ: Тибқи протокол нозирон озод ҳастанд ва метавонанд ба ҳар минтақа рафту омад кунанд. Бо ҳар касе, ки мехоҳанд метавонанд сӯҳбат кунанд. Гурӯҳи аввали нозирон, ки аз 50 нафар иборатанд, қарор аст ба Димишқ, Идлиб, Даръо, Ҳимс, Ҳамо ва дар маҷмӯъ ба даҳ шаҳру минтақа бираванд. Ин тибқи барномаи аз қабл эълоншуда аст. Аммо то ҳол маълум нест, ки оё онҳо бо назардошти вазъи амниятӣ ба ҳамаи минтақаҳои эълоншуда метавонанд бираванд ё на. Бурҳон Ғалин-раиси Шӯрои Милии муътаризон дар як нишасти хабарӣ, ки дар Порис дошт, гуфтааст, ин нозирон гӯё наметавонанд ба манотиқе бираванд, ки мақомҳои Сурия монеашон шаванд.

Суол: Оё дар поёни боздид нозирон ҳақ доранд дар бораи мушоҳидаҳову мутолеоти худ ба ҳукумати Сурия пешниҳодҳояшонро бифиристанд ва фикр мекунед, ки режими Башор Асад ин пешниҳодҳоро барои таъмини сулҳ ё анҷоми ислоҳот дар назар хоҳад гирифт?

Илё Ҷазоирӣ: Тибқи протоколи имзошуда, вазифаи ин нозирон додани пешниҳод нест. Вазифаи онҳо ин аст, ки вазъияти майдониро зери назар бигиранд ва роҷеъ ба он ба Ҷомеаи Араб гузориш диҳанд. Дар он сурат Ҷомеаи Араб дар мавриди таҳримҳо ва ироаи парвандаи Сурия ба Шӯрои Амният ё гирифтани ҳар иқдоми дигаре тасмимгирӣ мекунад. Ин нозирон чӣ пешниҳодҳое хоҳанд кард, акнун ба фаъолияти худашон вобастагӣ дорад, чунки дар миёни онҳо одамони гуногун ҳастанд. Фикр мекунам, ки баъзе аз онҳо бо давлати Сурия ҳамкорӣ доранд ва баъзеҳои дигар бо мухолифони давлати Сурия наздиктар ҳастанд.

Суол: Оё нозирон иҷоза доранд, ки бо раҳбарони мухолифон дидор ва гуфтугӯ кунанд ва назари ҷониби мухолифро ҳам барои омӯзиши вазъ дошта бошанд?

Илё Ҷазоирӣ: Тибқи протоколи имзошуда онҳо озод ҳастанд ва иҷоза доранд, бо ҳар касе, ки мехоҳанд дидор ва гуфтугӯ кунанд. Аммо ин, ки дар майдон ва ҳангоми боздидҳо чӣ пеш хоҳад омад, ин чизест, ки дар рӯзҳои оянда хоҳем дид. Ба ҳамин сабаб Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷаи Сурия ва баъзе аз мақомҳои дигари Сурия ҳам таъкид карданд, ки баъзе манотиқ амн нест. Ин нишон медиҳад, ки давлати Сурия дар боздиди онҳо аз баъзе манотиқ ва баъзе шаҳрҳо монеаҳо эҷод кунад. Вале то ҳол роҷеъ ба ин чизе маълум нест, чун раиси ҳайати нозирони кишварҳои Ҷомеаи Араб гуфтааст, ки то ҳол ҳамкории мақомоти давлати Сурия комил будааст.
XS
SM
MD
LG