Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хостори пайвандҳои бештар бо Олмон шуд


Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон

Посухҳои сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба суолҳои Радиои Озодӣ.

Дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон аз ӯ суол кардем, ки оё то куҷо ин боздиди раиси ҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмоноқои Раҳмон муваффақиятомез буд ва ҳадафҳои он бароварда шуд?

Имомуддин Сатторов: "Олмон яке аз шарикони муҳими мо дар Аврупост ва бо Олмон ҳамчун яке аз давлатҳоли бузурги Иттиҳодияи Аврупо аз давраи истиқлолият ба даст овардан муносибатҳои наздик доштем ва дорем. Санадҳои ҳамкорие, ки дар тӯли ин солҳо имзо шуданд, нишондиҳандаи он аст, ки муносибатҳо дар сатҳи баланд пеш мераванд ва раҳбари Тоҷикистон вақте, ки дар Олмон буданд, мо мехостем муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланд расанд. Мо хостори муносибатҳои бештари иқтисодӣ ҳастем. Мо мехоҳем, ки дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорони олмонӣ бештар бошанд ва технологияи навине, ки Олмон дорад, дар иқтисоди мо истифода шавад, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд ояд. Барои инкишофи иқтисоди Тоҷикистон иштироки сармоягузорони олмонӣ, ки дар бисёре аз давлатҳои дунё сармоягузорӣ мекунанд, дида шавад. Баъзе масъалаҳоро гузоштанд, президент гуфтанд, ки камбудиҳо ҳастанд ва мо кӯшиш карда истодаем, ки ин ин камбудиҳоро аз байн барем, дар масъалаи ҳуқуқи башар ё ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳо. Масалан, зимистон барқ нест, чӣ хел корхона кор карда метавонад. То масъалаҳои энергетикиро мо ҳал накунем, масъалаи саноат ва таъмин кардани ҷои корро мо пурра ҳал карда наметавонем. Агентии энергетикии Олмон ҳам ёдоварӣ кард ва гуфт, ки шумо фаромӯш накунед, ки мо корро аз моҳи январ шуруъ мекунем. Аз моҳи январ ҳайатҳои Агентии энергетикии Олмон, кормандони Комитети иқтисодии шарқии Олмон ба Тоҷикистон меравад ва шояд, ки сафари Кристиан Вулф-раиси ҷумҳури Олмон низ аз Осиёи Миёна баргузор гардад, аз Тоҷикистон ҳам боздид кунад. Олмон барои мо аз як давлати фиристандаи кӯмакҳои башардӯстона ба як кишвари тарафи ҳамкори иқтисодӣ табдил меёбад. Равобити иқтисодӣ бояд қавӣ шавад."

Радиои Озодӣ: Дар мулоқот бо нахуствазир хонум Меркел ва президент Кристиан Вулф кадом барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ баррасӣ шуд?

Имомуддин Сатторов: "Таваҷҷӯҳи зиёд ба густариши муносибатҳои мунтазами сиёсӣ ва ҳамкории наздики иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф ва ҳамчунин ба ҳамгероии амниятӣ дода шуд. Дар рафти ин сӯҳбатҳо як бори дигар таъкид гардид, ки нақши барномаи ҳамгероии минтақавии Покистону Афғонистон Тоҷикистон бо номи Патрик, ки аз ҷониби Олмон таҳия ва пешниҳод шудааст, раванди он оғоз шавад."

Радиои Озодӣ: Раиси ҷумҳури Олмон дар мулоқот бо оқои Раҳмон қавл дод, ки Олмон барои даромадани Тоҷикистон ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҳимоят мекунад. Ин ҳимоят аз ҷониби фақат Олмон хоҳад буд ё ин ҷо Иттиҳодияи Аврупо низ дар назар аст?

Имомуддин Сатторов: "Албатта, Олмон, ки яке аз давлатҳои бузурги аврупоист ва таъсир дар сиёсати хориҷии Аврупо ҳам дорад, метавонад барои дохил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат кӯмак кунад. Албатта, дар ин ҷо раиси ҷумҳури Олмон пеш аз ҳама дастгирии ҷониби Олмонро иброз доштанд. Ман фикр мекунам, ки кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо низ барои дохил шудани Тоҷикистон ба ин созмон кӯмаки худро дареғ намедоранд."

Радиои Озодӣ: Дар муроҷиат ба ҷамъияти тоҷиконе, ки ба мулоқот омада буданд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз онҳо даъвате ё дархосте матраҳ кард?

Имомуддин Сатторов: "Албатта, дар ҳамаи мулоқотҳое, ки дар Олмон сурат гирифт, ҳатто ҳам бо раиси ҷумҳур Кристиан Вулф ва ҳам бо нахуствазир Ангела Меркел хоҳиши ҷониби Тоҷикистон ин буд, ки бештар кӯмакҳо барои дастгирии ҷавонон, тайёр кардани мутахассисон равона карда шавад. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки шояд филиали яке аз донишгоҳҳои Олмон дар Тоҷикистон боз карда шавад. "
XS
SM
MD
LG