Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Орзу дорам, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ шавам”


Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик
Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик

Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, ду варзишгари тоҷик дар риштаи таэкван-до WTF, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон шуданд.

То кунун чаҳор варзишгари тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон роҳхат гирифтаанд. Нахуст гурзандоз Дилшод Назаров, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Кавасакии Ҷопон бо натиҷаи 76 метру 52 сантиметр мақоми сеюмро касб кард, соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Баъдан муштзан Анвар Юнусов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар вазни то 56 килограмм дар Озарбойҷон бо медали биринҷӣ сарфароз гашт ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардид.

Ахиран варзишгарони тоҷик Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов дар мусобиқаи интихобии қораи Осиё дар риштаи таэквон-до WTF дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон шуданд.

Фарҳод дар рақобатҳо дар вазни то 80 килограмм мақоми сеюм ва Алишер дар вазни беш аз 80 килограмм мақоми дуюмро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таеквон-до ширкат хоҳанд кард.

Фарҳод Неъматов рӯзи 15-уми декабр меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и Радиои Озодӣ буд. Шореҳи варзиш Нарзуллоҳи Латиф бо ӯ сӯҳбате орост, ки ба таваҷҷӯҳи Шумо пешкаш мешавад:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:05 0:00
Линки мустақим


Фарҳод Неъматов
Фарҳод Неъматов
Шарҳи ҳоли Фарҳод Неъматов: 22-юми ноябри соли 1989 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи рақами 10-и ноҳияи Исмоили Сомониро хатм кардааст. Ҳоло донишҷӯи соли панҷуми факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Соли 2010-ум оиладор шудааст. Ҳамсараш Таҳмина Хоҷаева низ бо таэквон-до WTF машқ мекард. Фарҳод аз синни 10-солагиаш ба таэквон-до шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Таҳмина Исомова мебошад. Фарҳод узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст ва аз соли 2009-ум таҳти роҳбарии мутахассиси хориҷӣ Ҷон Ҷонг Ху тамрин мекунад. Фарҳод Неъматов қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон ва ғолиби мусобиқоти байналмилалист.
XS
SM
MD
LG