Пайвандҳои дастрасӣ

"Ба нодон муҳаббат ба доно эҳтиром?"


Шамсулло Муъминов, соҳибкори тоҷик

Шамсулло Муъминов, соҳибкори тоҷик

Қиссаи муваффақияти Шамсулло Муъминов аз як қаҳвахонаи хурди Душанбе оғоз шуд.

Рӯзе, ки хаставу лакот аз талошҳои дарёфти ҷойгоҳ дар соҳибкорӣ дар як аз қаҳвахонаҳои Душанбе ба фикр фурӯ рафта буд. “ А бача, ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – гуфтани як дӯсти деринаш ӯро аз олами хаёлот берун овард. Дӯсташ баъди шунидани қиссаи даводавҳои номуваффақи Шамсулло, ба ӯ чанд наворе дод, ки тасаввури ӯро дар бораи “эътимод ба нафс доштан” ва “худкифо будан” комилан дигар кард.

Ӯ ба муҳтавои аслии ин мафҳумҳо воқеан сарфаҳм нарафт. Наворҳо ба равоншиноси машҳур Бодо Шеффер марбут буданд. Шамсулло мегӯяд, бо онки ӯ дар мактаб талабаи аълохон набуд, вале машваратҳои ин равоншинос ҳар яке чун тир ба нишон мерасиданд ва зеҳни ӯро дигар мекард.

Саидмурод Давлатов

Саидмурод Давлатов

Ҳамин тавр Шамсулло бо Саидмурод Давлатов, муаллифи китоби «Ман ва пул», «Ба нодон муҳаббат, ба доно эҳтиром” ошно шуд, ки аз шогирдони равоншиноси машҳур Бодо Шеффер буда, нахустин маркази ташаккули зеҳни инсонро бо номи “Само” дар Душанбе ифтитоҳ кардааст.

Шамсулло зиёд андеша накард ва ба таҳсил дар ин марказ шурӯъ кард: «Дар маркази Душанбе як вақт дорухона доштам. Аммо як муддат корҳоям омад накард ва ҳамаро боз аз нав оғоз мекардам. Ҳамин тавр чанд маротиба аз нав корамро оғоз мекардам, вале монда шудам ва намедонистам, ки чаро муваффақиятам дер намепояд.»

Шамсулло мегӯяд, таълимоти Бодо Шеффер ин аст, ки барои муваффақ будан, устод зарур аст. Шамсулло афзуд, ҳамон вақт омода буд ба Маскав биравад ва 10 ҳазор доллар бидиҳам то касе устодаш шавад. Вале хушбахтона ҳамватани худ Саидмурод Далатовро ёфт ва аз дарсҳои ӯ баҳра бардошт.

Бо гузашти давраҳои омӯзишӣ, назари Шамсулло ба соҳибкорӣ ва пул комилан дигар шуд: «Одам имкониятҳои худашро ҳамеша аз пул бояд боло гузорад. Танҳо дар ҳамин ҳолат пул барои вай кор мекунад. Вагарна одам якумр барои пул кор хоҳад кард.»

Хатми таҳсил дар марказ ва тақвияти эътимод ба нафс ё боварӣ ба тавону нерӯи худ, дари имконоти зиёдеро ба рӯи Шамсулло боз кард. Ӯ ҳоло соҳибкори муваффақ аст. Ҳоло аз кишвари Шри-ланка ба Тоҷикистон чой ворид мекунад, соҳиби як дорухона ва дар садади кушодани як мағозаи хӯрокворӣ аст. Шамсулло бо хушнудӣ мегӯяд, ки ҳоло дар маҷмуъ 25 нафарро бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мекунад, вале орзу дорад дар се соли оянда 1000 нафарро ба ҷои кор таъмин кунад. Ӯ мехоҳад исбот кунад, ки дар Тоҷкистон бо роҳи рост ва ҳалол миллионер шудан мумкин аст.

Баҳром Ҳамидов

Баҳром Ҳамидов

Баҳром Ҳамидов, яке аз мураббиёни маркази «Само» мегӯяд, мардум, ки мудати тулонӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ доштанд ва якбора дар рӯ ба руи иқтисоди бозор қарор гирифтанд, қонунҳои иқтисоди бозорӣ, тарзи сарфа кардани пул ва барномарезӣ кардани зиндагии худро намедонад. Ӯ мегӯяд: «Калонсолони мо мегӯянд, ки ба кудак пул надеҳ, ки пул ӯро вайрон мекунад. Баракс мо бояд ба кӯдак пул диҳему бо пул муошират карданро ёд диҳем. Дар ин ҳолат ҷавонон то синни 21 солагӣ бояд аз ҷиҳати молиявӣ мустақил шаванд.»

Ҷаноби Ҳамидов мегӯяд, аксарияти мардум аз одитарин донишҳои молиявӣ бехабаранд ва ҳама бадбахтиҳои хешро аз давлат мебинанд. Агар мо мардумро бо одитарин донишҳои молиявӣ ошно созем, онҳо зиндагии худро ба даст мегиранд ва дигар ҳоҷат ба қабули қонунҳое чун «Танзими расму анъанаҳои миллӣ» боқӣ намемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG