Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар умр вафо мекард, Бахтиёр Расулов, муҳоҷири сарбуридаи тоҷик, имрӯз 9-уми декабр 30-юмин солгарди худро дар ҳалқаи пайвандонаш таҷлил менамуд.

Ҳар сол дар рӯзи зодрӯзи Бахтиёр, агар ӯ дар Русия бошад ҳам, модараш дастурхони идона густурда, мавлуди писарбузургашро ғоибона бо аҳли хонавода ҷашн мегирифтааст.

МОДАР АЗ ҚАТЛИ ҶИГАРБАНД ҲАНӮЗ БЕХАБАР АСТ...

Аммо пайвандони наздики Бахтиёр Расулов, аз ҷумла модару хоҳаронаш, дар бораи қатли ваҳшиёнаи ӯ дар Санкт-Петербург то ҳанӯз хабардор нашудаанд.

Миралӣ Азизов, бародари модари Бахтиёр ё тағои ӯ, мегӯяд, азбаски ҳоло маълум нест ҷасади Бахтиёр кай ба Тоҷикистон мунтақил мешавад, хешовандон ва масъулони Хадамоти муҳоҷирати кишвар ба расонидани ин иттилоъ ба модари Бахтиёр ҷуръат накардаанд.

Ба гуфтаи Миралӣ Азизов, модари Бахтиёр имрӯз аз субҳ талош мекунад, ки бо писараш телефонӣ сӯҳбат карда, ӯро бо ҷашни мавлудаш табрик кунад, аммо муваффақ намешавад. Модар ҳамчунин аз он дар ҳайрат мондааст, ки чаро Бахтиёре, ки ҳамеша барои модари бемораш доруву дармон ва маблағи табобат мефиристод, як моҳ боз аз худ дарак намедиҳад.

Бахтиёр Расулов

Бахтиёр Расулов

Ба гуфтаи ҷаноби Азизов, Бахтиёр фарзанди аввалини волидони худ ва ягона таъминкунандаи хонаводааш буда, модараш, ки аз бемории қалбу талхадон азият мекашад, эҳтимол ин хабари шум ва наҳваи кушта шудани писарбузургашро бардошт карда натавонад: «Ҳоло мо – хешу табори наздик, аз ҷумла ман ҳам наметавонем ба хонаи модари Бахтиёр равем. Зеро модараш, апаи ман, бисёр одами эҳсосӣ асту зуд аз вуқӯи нохушӣ пай мебарад. Агар ин хабарро мешунид, шояд дили бемораш то овардани ҷасади писараш аз кор мемонд. Барои ҳамин модарашро эҳтиёт карда истодаем. Хоҳаронаш ҳам дарак надоранд.»

Тамоми пайвандони Бахтиёр Расулов дар деҳаи Партизани ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба сар мебаранд.

Бахтиёр ҳанӯз дар соли 2004-ум бо ҳадафи мардикорӣ ба Русия рафта, солҳои охир дар шаҳри Санкт-Петербург таксӣ меронд. Моҳи гузашта вай аз сӯйи афроди номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шудааст. Қотил ё қотилон Бахтиёрро чанд корд зада, сипас сари ӯро аз тан ҷудо карда ва сарашро ба қафои мошин андохта, оташ задаанд.

БАХТИЁР РӮЗНОМАНИГОР ШУДАНӢ БУД

Тағояш Миралӣ Азизов мегӯяд, ки Бахтиёр орзуи журналист шудан дошт ва мехост, ки ба Тоҷикистон баргашта, соли оянда ба факултаи рӯзноманигории донишгоҳ шомил шавад. Вай забони шевои тоҷикӣ дошту ба форсӣ хеле зебо ва равон сӯҳбат мекард, сермутолиа буд: “Ният дошт, ки каме дигар кор карда, соли оянда ба Тоҷикистон биёяд ва ба шӯъбаи рӯзноманигорӣ дохил шавад. Ин орзуро аз кӯдакӣ дар замираш мепарварид. Ҳанӯз вақте, ки аз гурезагӣ, аз Афғонистон ҳамроҳи пайвандонаш баргашт (солҳои 90-ум, замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, хонаводаи Расуловҳо дар баробари ҳазорҳо хонаводаи дигар дар Афғонистон паноҳ бурда будаанд), хост ба донишгоҳ шомил шавад. Аммо мушкили молӣ ӯро на ба сӯйи донишгоҳ, балки ба Русия, ба мардикорӣ бурд.”

Ба гуфтаи пайвандонаш, Бахтиёр ҷавони оромтабиату меҳнаткаш ва таъминкунандаи асосии падару модар ва оилааш буда, бо пули мардикорӣ дар зодгоҳаш манзиле барои худу бародарони хурдиаш бунёд карда будааст.

Бахтиёр дар Русия бо духтари русе оиладор шуда, соҳиби 2 писар – Рустами 7-сола ва Дамири 5-сола будааст. Бахтиёр мехостааст, ки дар сурати шомил шудан ба донишгоҳ, ҳамсари рус ва фарзандонашро ба Тоҷикистон оварда, бо онҳо дар ҳамин ҷо кору зиндагӣ намояд.

Пайвандони Бахтиёр мегӯянд, ба онҳо хабар расидааст, ки мақомоти тафтишотии Русия дар қатли Бахтиёр бародари ҳамсари русашро гумонбар медонанд, ки гӯё дар пайи ҷанҷоли дуҷониба ин ҳодиса сар задааст. Ҳоло муфаттишон қотили гумонбарро, ки ба наздикӣ аз маҳбас озод шуда будааст, ҷустуҷӯ доранд.

ҶАВОНЕ НАРМГУФТОР ВА ОРОМТАБИАТ

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Миралӣ Азизов, Бахтиёр ҷавони ҷангҷӯ набуд ва ба ҳеҷ сурат бидуни сабаби қатъӣ бо касе вориди низоъ намешуд: “Бахтиёр бисёр лафзи ширин дошт, ба лаҳни форсӣ сӯҳбат мекард ва ҳама мафтуни сӯҳбатҳояш мешуданд. Нармгуфтор буд. Бо ҳама меҳрубонона сӯҳбат мекард, ҳаргиз баҳси ноҷо, ҷанҷол намекард. Вай ҳеҷ гоҳ касеро хафа кардан намехост. Вай ҳар ҳафта бо ман дар тамос мешуд, дар бораи зиндагӣ, мушкилоту пешравиҳояш сӯҳбат мекард. Агар бо касе конфликт Бахтиёр Расулов

Бахтиёр Расулов

медошт, ман хабардор мебудам. Вай мегуфт, ки агар шомили донишгоҳ шавам, оилаамро бо худ ба Душанбе мебарам. Барои мо ҳам муаммост, ки чаро ва чигуна ӯ кушта шудааст. Ба фикрам ин проблемаҳо ҳамин нав сар шудаанд...”

Ба тахмини ҷаноби Азизов, эҳтимол бозтоби якҷонибаи қазияи ҳавонавардони рус аз сӯйи расонаҳои Русия, ки дар Қӯрғонтеппа нахуст ба 8,5 соли зиндон маҳкум ва пасон, шартан ба озодӣ расиданд, сабаби қатли Бахтиёр шуда бошад.

Биноан, пайвандони Бахтиёр Расулов аз мақомоти Русия тақозо мекунанд, ба зудтарин фурсат қотил ё қотилони ӯро пайдо намуда, ба муҷозот бикашанд: “Одамон ҳоло ба мо бисёр гап мезананд, ки ҳамин даъвою талабҳо барои Бахтиёр дигар фоида надорад. Ман дар посух мегӯям, ки мо сӯхтему ҷигархун шудем, лекин ин хел Бахтиёрҳои тоҷик дар Русия садҳо ҳазор нафар кору зиндагӣ доранд. Бигузор аз мову шумо коре шавад, ки дигар фарзандони мо дучори ҳамин гуна ҳодисаҳои нангин нашаванд. Бигузор дигар ягон хонаводаи тоҷик ин рӯзи сахтеро, ки мо дидем, набинанд, фарзандашон саломат ба наздашон баргардад...”

БАХТИЁРРО БА ТОҶИКИСТОН МЕОРАНД

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Хатлон имсол мизони маргумири муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Танҳо дар зарфи 9 моҳи аввали соли равон аз Русия тобути 212 сокини маҳаллӣ ба Хатлонзамин мунтақил шудааст. Ҳусниддин Зардиев, сардори хадамоти мазкур мегӯяд: “Дар миёни кушташудаҳо, ки аксаран ҷавонон будаанд, ҳолатҳои куштори барқасдона ҳам зиёд аст. Ҳамчунин дигар сабабҳои фавти муҳоҷирон худсӯзӣ, садамаҳо, ҳодисаҳои нохуш мебошад.”

Дар хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон гуфтанд, ки ба гумони ғолиб, тобути Бахтиёр Расулов рӯзи 11-уми декабр ба зодгоҳаш – деҳаи “Партизан”-и ноҳияи Шаҳритус мунтақил шуда, ба хок супурда хоҳад шуд. Дар ҳамон деҳае, ки моҳи декабри соли 2008-ум маъракаи ҷанозаи Салоҳиддин Азизов, ҷавони 20-солаи муҳоҷирро, ки аз Русия ҷасади сарбуридаи ӯро низ оварда буданд, анҷом шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG