Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иддао дар бораи шикоят аз фаъолияти ҳайати мушовирони русро рад кард.

Бино ба хабари пойгоҳҳои русӣ, гӯиё фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гурӯҳе аз мушовирони русро, ки бар асоси қарордоди миёни Душанбе ва Маскав дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, дар иҷро накардани масъулияташон ва ҷамъоварии ахбори маҳрамона муттаҳам кардааст.

Хабаргузориҳои русӣ навиштанд, чунин суханеро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зимни машварати фармондеҳон дар шаҳри Хоруғ баён кардааст.

Аммо дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни раддияе гуфт, чунин даъвое асос надорад ва Шералӣ Мирзоев, фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон, дар кадом машварате аз ин хусус сӯҳбат накардааст.



Дар ин баёнияи матбуотӣ гуфта мешавад, ки "дар гурӯҳи марзбонии Хоруғ ҳеҷ гуна ҷаласае доир нашудааст, ки фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ дар он ҷо баромад карда бошад. Бинобар ин, чунин ахбор асос надоранд. Он чизе, ки навишта шудааст, ба ҳақиқат наздикӣ надорад."

Ба гуфтаи коршиносон, дар воқеъ, бар асоси Созишномаи наве, ки миёни Тоҷикистону Русия дар моҳи сентябр, дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ ба имзо расид, институти мушовирони русӣ ба сурате, ки аз соли 2005 то соли 2011 амал мекард, дигар амал намекунад. Балки бар асоси низомномаи нави худ ин гуруҳ танҳо дар сурати зарурӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ кӯмак хоҳад кард.

Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод

Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод

Дар гузашта ин нерӯҳо ба марзбонони тоҷик кӯмакҳои амалии бештаре мекарданд, аз ҷумла неруҳои марзбонӣ аз васоили нақлияи заминӣ ва ҳавоии ин гуруҳи марзбонӣ истифода менамуд. Аммо созишномаи моҳи сентябри миёни Душанбеву Маскав амалан мақом ва имкони ин гуруҳи мушовирони русиро тағйир дод ва маҳдуд кард.

Мушовирони русӣ бар асоси созишномаи қаблӣ ба сурати мустақим дар марз мустақар буданд. Вале ҳайати нави марзбонони рус дар марз ба сурати бевосита қарор надоранд ва умдатан машғули таълиму тадрис дар донишгоҳи марзбонӣ ҳастанд.

Инчунин ин намояндагӣ дигар ваколати гурӯҳӣ ва фавриро надошта ва аз Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия ба Намояндагии марзбонӣ тағйири ном мекунад ва ҳаққи пешбурди кори оперативиро низ дар Тоҷикистон надорад. Ҳайати шахсии ин гурӯҳ дар Тоҷикистон аз 350 нафар то ҳудуди 200 нафар коҳиш пайдо кард. Дар чунин сурат кӯмаки камтар намудани ин неруҳо ба артиши марзбони Тоҷикистон ба гуфтаи коршиносон як амали табиӣ хоҳад буд.

Генерал Нуралишоҳ Назаров

Генерал Нуралишоҳ Назаров

Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки генерал Нуралишо Назаров, фармондеҳи собиқи ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло бояд таваҷҷӯҳи бештаре ба тақвияти нерӯҳои марзбонӣ ва таъминоти онҳо сурат бигирад. Ба гуфтаи ӯ, феълан дигар зарурате ба ҳузури мушовирони русӣ боқӣ намондааст.

Генерал Назаров мегӯяд, "агар гап дар бораи мушовирон равад, мо дар воқеъ замоне ба ин мушвирон ниёз доштем. Ҳоло фикр мекунам, ки мо ба мушовирон ниёз надорем. Барои он ки марзбонони касбӣ зиёд шудаанд. Ҳар сол чандин нафар ҳамон академияи марзбонии ФСБ-ро тамом карда бармегарданд."

Ба назари бархе дигар аз таҳлилгарон ҳадаф аз нашри чунин ахбор, ки гӯиё мақомоти марзбонии тоҷик аз ҳамтоёни руси худ норозиянд, амиқтар кардани хилоф ва шикоф дар муносиботи ду кишвар аст, ки ду соли охир сардтарин марҳилаи ҳамаи таърихи худро пушти сар мекунад. Нерӯҳои марзбони Русия дар соли 2004 марзҳои Тоҷикистонро тарк намуданд ва танҳо як гуруҳи хурде аз ин нерӯҳо ба сурати гурӯҳи фаврӣ дар Тоҷикистон боқӣ монду тамом.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG