Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳи Хоруғ мегӯянд, ба маротиб коҳиш ёфтани соатҳои таълими фалсафаву сиёсатшиносӣ бесаводии сиёсӣ миёни ҷавононро боз ҳам афзоиш хоҳад дод.

Дар ҳоле ки баргузории як нишаст марбут ба таъсисёбии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) дар Хоруғ нишон дод, ки насли ҷавон дар бораи ин иттиҳод тақрибан тасаввуроте надоранд.

Бештари донишҷӯён мафҳуми СНГ-ро ба ҳузури низомиии Русия дар Тоҷикистон марбут медонистанд. Посухи бархе аз онҳо дар робита ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил ин гуна буд: "СНГ - ин артиши Русия аст, ки ба Тоҷикистон ворид шуд", "СНГ - Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки 11 давлат ба он шомиланд", "СНГ- ин ҳамкории Тоҷикистону Русия дар бахши низомӣ", "СНГ- артиши Русия мебошад, ки дар Тоҷикистон ва ё дигар давлатҳо амал мекунад" ва ё "СНГ, ба фикрам, сафари Назарбоев ба Гурҷистон".

Ба фикри коршиносон нақши норӯшани ин созмон дар фазои сиёсии Шӯравии собиқ ба посухи мубҳами ҷавонону донишҷӯён сабаб шудааст.Аммо аз сӯи дигар ҷавонону донишҷӯён ба ғайр аз ҳаводис ва мафҳумҳое, ки такрор ба такрор барояшон аз оинаи нилгун талқин мешавад, дар бораи таърихи гузашта ва имрӯза тассавуроти комил надоранд.

Мутахассиси маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ Назарбек Маҳмадназарбеков мегӯяд, мушкилоти иҷтимоӣ ба ҷаҳонбинии сиёсии ҷавонон ҳарчӣ бештар соя меафканад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло теъдоди ками ҷавонон ба сиёсат сарукор мегиранд ва ё ба он таваҷҷӯҳ доранд. Оқои Маҳмадназарбеков мегӯяд, "вақте ҷавонон мебинанд, ки бо фаъолияти худ ба ҳаёти сиёсии кишвар таъсир гузошта наметавонанд, дилсард мешаванд."

Устодони донишгоҳи Хоруғ мегӯянд, тибқи муқаррароти Вазорати маорифи Тоҷикистон ҷомеашиносӣ аз феҳристи фанҳои таълимӣ бароварда шуда, соатҳои дарси фалсафа ва сиёсатшиносӣ 50 дарсад кам шудаанд. Азамат Хӯҷамёров, як донишҷӯи донишгоҳи Хоруғ мегӯяд, дар ташаккул ёфтани афкори насли наврас ва ҷавон дар минтақа идеологияи "кӯча" мавқеи устувор дорад. Вай гуфт, ҷавонон бештари вақти худро дар кӯча мегузаронанд ва аз ҳамин сабаб сиёсати кӯчагиро ба худ мегиранд.

Хосият Комилшоева, як донишҷӯи дигар, ҳадафи танг кардани мавқеи сиёсатшиносиро дар макотиби олии кишвар дар он мебинад, ки ҳукумат аз фаъолшавии сиёсии ин қишри ҷомеа ҳарос дорад. Ӯ гуфт, "дар ҳаводисе, ки дар ҷаҳон мегузаранд, ҷавонону донишҷӯён нақши бориз доранд, аммо ба назар мерасад ҳукумати мо аз фаъолшавии ҷавонон ҳарос дорад. Фақат дар як нимсола дарси сиёсатшиносӣ хондем, ҳол он ки журналистони оянда бояд сиёсат, аз ҷумла сиёсати давлатро хуб донанд ва дарк кунанд."

Аммо ба гуфтаи Артур, донишҷӯи дигар аз донишгоҳи Хоруғ, давлат бояд ба саводнокии сиёсӣ ва мавқеи фаъол доштани ҷавонон дар сиёсат манфиатдор бошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, "пайомади бесаводии сиёсии ҷавонон барои ҷомеа оқибатҳои ногувор дорад ва гароиши ҷавонон ба доми ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъро осон мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Руслан Шадиков, узви созмони порлумони ҷавони Тоҷикистон, мегӯяд, бо ҳадафи омода намудани вакилони фаъоли оянда ва ҷалби бештари ҷавонон ба сиёсат онҳо дар синфҳои болоии макотиби шаҳр клубҳои мубоҳисавӣ ташкил кардаанд, ки ба ташаккул ёфтани афкори сиёсии наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG