Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи сардиву бебарқиҳо сокинони бархе аз манзилҳои баландошёна рӯ ба бухориҳои бобоӣ овардаанд.

Сардиҳои барвақти соли ҷорӣ ва маҳдудияти нерӯи барқ дар хонаҳои баландманзили навоҳӣ, сокинонро маҷбур кардааст, ки дар манзилҳои худ бухориҳои худсохти ба истилоҳ "бобоӣ" насб кунанд.

Дар шаҳри Ваҳдат, ки каме канортар дар шарқи Душанбе мавқеъ дорад, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ симои баландманзилҳоро ҳам шабеҳи хонаҳои деҳот кардааст.

Дуди ғализи таппаку ангишту чӯб ва лӯлаҳои ба берун сарзадаи бухорӣ -- симои маъмулии шаҳри Ваҳдат дар фасли сармо аст. Зеро утоқҳои бетониву хиштии баландро дар фасли сармо бе бухориҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Ҳарчанд сокинон ин амали худро хилофи қоидаҳои шаҳрдорӣ медонанд, аммо боз ҳам медоданд, чорае ҷуз бечорагӣ надоранд. Мақомоти маҳаллӣ, албатта, аз ин вазъ огаҳанд, аммо мегӯянд, чун меъёри муқарраркардаи барқ барои таъмини доимии ҳадди ақал баландманзилҳо кифоят намекунад, наметавонанд сокинонро аз ин манбаи охирини гармӣ дар рӯзҳои сард маҳрум бикунанд.

Наворбардори "Озодӣ" меҳмони чанде аз ин манзилҳои нимсарди шаҳри Ваҳдат буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG