Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар вокуниш ба як матлаби РО, ширкати «Сомон Тоҷиксохтмон» мегӯяд, ки аз коргарони худ қарздор нест ва коршиканӣ сурат нагирифтааст.

Ба гуфтаи Самиуллоҳ Шодиев, директори «СТС иншоот» ё "Сомон Тоҷиксохтмон", маоши моҳи октябри коргарон пурра пардохт шуда ва дастмузди моҳи ноябрии онҳо тибқи нақша 10-ум декабр пардохт мешавад. Бинобар ин барои коршиканӣ асоси воқеӣ вуҷуд надорад.

«СТС Иншоот» ё «Сомон Сохтмон» ин нуқтаро низ, ки ширкати мазкур ба сарвари «Ориёнбонк» тааллуқ дорад, радд мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Шодиев, ширкат муассисони худро дорад, ки дар идораҳои расмӣ ба қайд гирифта шуданд ва бо «Ориёнбонк» танҳо чун шарик ва муштарии бонкӣ робита дорад.

Ин вокуниши масъулини "СТС Иншоот" дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи ҷумъа тибқи бархе манбаъҳо, коргарони ширкати «Сомон Тоҷиксохтмон», ки дар бунёди Чойхонаи миллӣ фаъолият доранд, даст ба коршиканӣ зада буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG